Хабарҳо
Ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 04.08.2020 14:26
Барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб дар марҳилаи аввал 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст - 04.08.2020 09:54
6 август дар Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мешавад - 04.08.2020 09:50
Хуҷанд: Тақдими 150 адад либосҳои мактабӣ ба хонандагони ятиму камбизоат - 04.08.2020 09:45
Оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ворух - 04.08.2020 09:41
Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод - 03.08.2020 23:23
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 15:11
Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст - 03.08.2020 15:09
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ дар ноҳияи Спитамен - 03.08.2020 14:38
Шиносоии Раиси вилоят бо тарзи истифодабарии замини хоҷагиҳои ёрирасон - 03.08.2020 14:29

Имрӯз 54 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳавопаймои «Сомон Эйр» ба Ватан баргардонида шуданд

( 0 Овоз )

54 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла 45 нафар донишҷӯён аз шаҳри Вуҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин, маркази пайдоиши коронавирус, ба Ватан  баргардонида шуданд. Ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр», ки дирӯз бо ин мақсад ба Чин парвоз карда буд, имрӯз соати 6-и субҳ дар Фурудгоҳи низомии «Айнӣ», воқеъ дар 15-километрии Душанбе, фуруд омад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Шаҳрвандони аз Чин баргаштаро кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ намудаанд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд, шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз Вуҳан  баргардонида шуданд, ду гуруҳи табибон қабул намуданд. Ин шаҳрвандон  муддати ду ҳафта дар карантин ва ё зери назорати табибон хоҳанд буд. Онҳо ҳар рӯз се маротиба бо хӯроки ройгон таъмин карда, чандин маротиба ҳарорати бандан ва вазъи саломатиашон санҷида мешавад.

Ба эҳтимоли зиёд шаҳрвандони баргашта давраи карантини худро дар осоишгоҳи «Харангон»-и ноҳияи Варзоб сипарӣ хоҳанд намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан бо истинод ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Насим Олимзода хабар дода буд, барои пешгирӣ аз сироят ва паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявии доимамалкунанда таъсис дода, дар ҳамаи 27 гузаргоҳи марзӣ навбатдории шабонарӯзии табибон ва мутахассисони идораю муассисаҳои дигари  дахлдор ташкил карда шудааст. То  рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта 645 нафар шахсоне, ки  аз Чин ба Тоҷикистон омадаанд, бо карантин фаро гирифта шудаанд. Аксари онҳо донишҷӯён ва соҳибкорон буда, 47 нафарашонро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд.

Бино ба қавли Насим Олимзода, аз байни шахсони дар карантинбуда то охири ҳафтаи гузашта ягон ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

  • 1
  • 2
  • 3
ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Суғд Имрӯз 54 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳавопаймои «Сомон Эйр» ба Ватан баргардонида шуданд