Имрӯз Иди матбуоти тоҷик бо иштироки Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ва рӯзноманигорону хабарнигорони расонаҳои хабарии вилоят дар КВД «Кохи матбуот» таҷлил гардид.
Раиси вилоят Қоҳир Расулзода рӯзноманигорон, аҳли эҷоду сухан ва ноширони матбааҳои вилоятиро ба муносибати иди касбӣ - Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда, дар бораи нақши расонаҳои хабарӣ ва электронӣ дар рушду нумӯи ҷомеа изҳори