9-уми июн Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба шаҳри Қайроққум ташриф оварда, аз маркази нави фароғативу истироҳатии кӯдакону наврасон ва ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» дидан кард.
Раиси вилоят ба минтақаи фароғатии шаҳри Қайроққум ташриф оварда, аз урдугоҳи муосири кӯдакону наврасон дидан кард ва бо ҷараёни корҳои сохтмону азнавсозӣ шинос шуд. Қоҳир Расулзода зимни шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.