Зимни боздид аз қисми низомии 05170-и Вазорати мудофиаи кишвар дар шаҳри Панҷакент Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити барои афсарону сарбозон муҳайёгардида бевосита шинос шуда, ба вазъи омодагии касбӣ ва ҳарбии онҳо мароқ зоҳир намуд.
Навиди Раиси вилоят
Шиносоӣ бо рафти навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент
- 17.06.2013 13:29
- Азназаргузарониҳо: 6294
Тавре зикр гардид, яке аз ҳадафҳои асосии ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент шиносоӣ бо рафти навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент аст.
Дар километри 98-и роҳ, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чинор қарор дорад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои навсозии ин роҳ бевосита шинос шуд.
Шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Панҷакент
- 17.06.2013 13:25
- Азназаргузарониҳо: 5841
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Барги гул ташриф оварда, бо кори намунавии аҳли заҳмати он шинос шуд.
Оғози сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд
- 17.06.2013 10:11
- Азназаргузарониҳо: 6137
Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва оғози сохтмони иншооти зиёди дигар ба вилояти Суғд сафар кард.
Дар ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» 800 ҷойи корӣ барқарор ва 300 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад
- 11.06.2013 17:15
- Азназаргузарониҳо: 5873
Нимаи дуввуми рӯз Раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» дидан кард.
Мавриди зикр аст, ки санаи 16 майи соли ҷорӣ Раиси вилоят бо ҷараёни насби таҷҳизот дар корхонаи «Нассоҷи Хуҷанд» шинос шуда буд. Ҳамакнун таҷҳизоти ҷопониву итолёвие, ки ба маблағи беш аз 30 миллион сомонӣ харидорӣ шудааст, пурра насб карда шуд. Ин корхонаи ресандагӣ дорои дастгоҳҳои шонакунӣ, ҳаллоҷӣ, пилтаресиву ресандагӣ буда, 300 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.
Боздиди Раиси вилоят аз мактаби рақами 13-и ҷамоати Ҳайдар Усмон
- 11.06.2013 14:14
- Азназаргузарониҳо: 5768
Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз мактаби № 13, воқеъ дар ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан кард.
Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони бинои иловагии мактаб шинос шуда, аз сифати корҳо дар ин иншоот изҳори қаноатмандӣ намуд. Роҳбарияти мактаб зимни сӯҳбат бо Раиси вилоят қайд карданд, ки дар ин макони илму маърифат 103 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи қариб 1700 хонанда машғуланд. Бояд гуфт, ки ин мактаб яке аз макотиби калонтарин дар ҳудуди ноҳия буда, солҳои охир норасоии синфхонаҳо ба мушкилоти асосӣ табдил ёфта буд.