Хабарҳо
Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Жан-Мишел Фредерик Макрон - 03.12.2020 19:54
Маросими супоридани стипендияи Раиси вилояти Суғд ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ - 03.12.2020 13:17
Баргузории даври вилоятии озмунҳои “Мураббии соли Тоҷикистон” ва “Омӯзгори соли Тоҷикистон” - 03.12.2020 10:17
Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар тарабхонаи «Форел» - 03.12.2020 10:02
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи коркарди сабзавот ва меваи “Хуҷандагро” - 03.12.2020 09:52
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд - 03.12.2020 09:44
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд - 03.12.2020 08:46
Соҳибкор Фаррух Амонов дар дурдасттарин деҳаи Куҳистони Мастчоҳ бинои нави таълимӣ бунёд кард - 01.12.2020 14:07
Дар шаҳри Гулистон тавассути ҳашар 1000 бех ниҳолҳои ороишиву бисёрсола шинонида шуд - 01.12.2020 13:28
Дар ноҳияи Ашт аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ майдончаи варзишӣ бунёд гардид - 01.12.2020 13:20

Навиди Раиси вилоят

Cафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов

( 3 Овоз )

Видео ::Cафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов

Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз  ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид намуд.
Сараввал Раиси вилоят  бо ташкили боғи нав дар хоҷагии « Умари Хайём» ва рафти шудгори заминҳои  Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Она Нодирбобоева   шинос  шуд.
Қоҳир Расулзода  дар шаҳраки Пролетар аз иншооти бунёдшудаистодаи бозори «Ашроф»  дидан намуда, он ҷо хишти аввал ва нома ба наслҳои оянда гузошт
Имрӯз барои сокинони ҷамоатҳои Зарафшон ва Ӯзбекқишлоқ басо фараҳбахш буд, зеро Раиси вилоят  расман  дар маросими ифтитоҳи пули азнавбарқароргаштаи роҳи Пролетар- Ӯзбекқишлоқ - Зарафшон  иштирок намуд.

Боздиди кории Раиси вилоят аз шаҳраки Палос

( 1 Овоз )

Видео ::Боздиди кории Раиси вилоят аз шаҳраки Палос

Санаи 9 октябри соли равон  ҳангоми Рӯзи қабули шаҳрвандони  шаҳри Чкалов  як гурӯҳ сокинони ҷамоати Палос  ба Раиси вилоят аз набудани таъминоти оби полезӣ,  хатти озоди барқ, таъмири боми мактаб, тақсимоти қитъаи замин ва набудани таҷҳизоти ултрасадо дархости кӯмак намуда буданд. Зимни мулоқот Қоҳир Расулзода ваъда дода буд, ки бо сафари корӣ ба ҷамоати Палос ташриф меорад.
Субҳи имрӯз Раиси вилоят сафари кори худро аз бунгоҳи тиббии  шаҳрак оғоз кард. Дар ин муассиса  9 утоқи корӣ мавҷуд буда,  ин ҷо 15 нафар кормандон, аз ҷумла 3 нафар табибон  фаъолият доранд. Ба  бунгоҳи тиббии  шаҳрак Раиси вилоят  дастгоҳи ултрасадо тӯҳфа намуд. Ҳамчнин Қоҳир Расулзода аз боғчаи хусусии соҳибкор  Зулхумор Бобоева боздид ба амал овард, ки ин ҷо 95 нафар кӯдакон тарбия мегиранд. Раиси вилоят бо шароити буду боши кӯдакон шинос шуда, ҷиҳати баланд бардоштани маоши мураббияҳо ба роҳбарияти шаҳри Чкалов дастур дод.

Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи ҳуққуқи инсон

( 1 Овоз )

 

Ҳамдиёрони азиз!    
Ҳар сол аҳли башар санаи 10-декабрро чун Рӯзи ҳуқуқи инсон мутантан қайд менамоянд. Таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба як ҷашни шинохти қонун ва муқаддасии умри инсон табдил ёфтаву сол аз сол ҳусну таровати хоса гирифта, ба иди умумихалқӣ табдил меёбад.
Эътирофи ҳуқуқи инсон асоси ғоявии тамаддуни мардуми тоҷик маҳсуб ёфта, ҳанӯз дар китоби муқаддаси Авасто, замони давлатдории Куруши Кабир ва рӯзгори ориёну ворисони онҳо доир ба мақоми инсон, эътирофи ҳуқуқ ва ҷаҳони ботинию зоҳирии ӯ маълумот ва дастуру амри воқеӣ рӯи кор омадааст.
Дар замони мо аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид  ба тасвиб расидани Эъломияи ҳуқуқи башар,    Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак ва дигар санадҳои муҳими ҳуқуқии байналхалқӣ дар роҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон заминаи устуворро муҳайё намуд ва Тоҷикистон чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ин санадҳои муҳими байналхалқиро эътироф намуда, баҳри татбиқи онҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонид.

Таҷлили мавлуди Ҳунарпешаи мардумӣ Сайрам Исоева

( 1 Овоз )

Видео ::Таҷлили мавлуди Ҳунарпешаи мардумӣ Сайрам Исоева

Дар театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ  бахшида ба 70 солагии Ҳунарпешаи мардуми Тоҷикистон Сайрам Исоева чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ибтидои он филмномае аз роҳи тайнамудаи ин бонуи ҳунар дар ҷодаи театр ва кино манзури аҳли толор карда шуд. Сипас вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ Сайрам Исоеваро аз номи Ҳайъати мушовараи кормандони театри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта,   аз хизматҳои ибратбахш ҳунарпеша  дар рушди санъати тоҷик  ёдовар шуд.
Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода  зимни суханҳои  табрикотӣ ба  Ҳунарпешаи мардуми Тоҷикистон Сайрам Исоева телевизори ранга ва ҳуҷҷатҳои хонаи дуҳуҷрагиро дар маркази шаҳри Хуҷанд  тӯҳфа намуд.
Дар поёни барнома  саҳначаҳои  театрӣ аз рӯзгори Ҳунарпешаи мардуми Тоҷикистон Сайрам Исоева манзури мухлисон гардид.

Маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид

( 0 Овоз )

Видео ::Маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид

Ҳамасола бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар арафаи баҳор, охири моҳи феврал ярмарка- фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан, гулу гулбуттаҳои гуногун ва тухмии зироатҳо баргузор мегардид.
Дар майдони Ситораҳои шаҳри Хуҷанд маъракаи навбатии ярмарка-фуруши ниҳол, инчунин дигар маҳсулоти озуқаворӣ  баргузор гардид. Дар он Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва  дигар масъулин иштирок доштанд.
Дар ярмарка аз 6 муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят, аз ҷумла хоҷагии ҷангали ноҳия, хоҷагии ҷангали ба номи Нурулло Ҳувайдуллоеви ноҳияи Ашт, хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан, хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон, хоҷагии ҷангали ноҳияи Зафаробод, инчунин бахши муҳити зисти ноҳияи Спитамен, шаҳри Чкалов ва парваришгоҳи «Арча» иштирок намуданд.

Табрики Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия

( 0 Овоз )

Ҳамватанони гиромӣ!
Соли дуюм аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳҳои ид»  санаи 7-уми декабр чун Рӯзи кормандони мақомоти молия дар қаламрави кишварамон мутантан таҷлил мешавад.
Ҷои ифтихор аст, ки кормандони соҳаи молияи вилоят дар роҳи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар бо дарки масъулият ва иҷрои сарбаландонаи вазифаи худ -  омода намудан ва иҷрои буҷети давлатӣ, танзими самаранок истифодабарии маблағҳои буҷети давлатӣ ва идоракунии низоми молиявиро бо талаботи меъёрҳои байналхалқӣ саҳеҳ тарҳрезӣ ва амалӣ намуда, ба натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардидаанд.

ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Раиси вилоят