Хабарҳо
1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз меёбад - 28.10.2020 16:49
Сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом - 28.10.2020 15:22
Гулистон. Беш аз 12 км роҳҳои автомобилгард мумфарш карда шуд - 28.10.2020 14:30
Роҳбарони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошкент мулоқот намуданд - 28.10.2020 11:08
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 28.10.2020 08:57
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то имрӯз 13234 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст - 27.10.2020 15:35
Маҷаллаи адабӣ ва илмию оммавии «Паёми Суғд» 25 сола шуд - 26.10.2020 14:01
Боздиди Раиси вилоят аз сардхонаи Кооперативи тиҷоратии “Шаҳристон” - 26.10.2020 11:11
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад - 26.10.2020 10:27
Дар ноҳияи Шаҳристон қутоспарварӣ ба роҳ монда шуд - 26.10.2020 10:06

Навиди Раиси вилоят

Ифтитоҳи дубораи чойхона дар канори дарёи Сир

( 1 Овоз )

 Ифтитоҳи чойхона дар канори дарёи Сир

Видео ::Ифтитоҳи дубораи  чойхона дар канори дарёи Сир
Дар шаҳри Хуҷанд чойхонаи машҳури «Сирдарё» фаъолияташро аз нав эҳё намуд.  Ба ифтихори 20-умин солгарди таъсисёбии қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо иштироки Раиси вилоят Қоҳир Расулзода чойхона мавриди истифодаи умум қарор дода  шуд. Ба ин муносибат дар макони ободу музайяни «Сирдарё» маҳфили идона баргузор гардид. Раиси вилоят дар назди ҳозирин, ки бештарашон пирони рӯзгордида ва хирадмандони Хуҷандшаҳр буданд, зикр намуд, ки то ба имрӯз чойхонаи «Сирдарё» қариб аз фаъолият боз монда буд. Вале ҳангоми баргузории рӯзҳои қабули Раиси вилоят дар шаҳри Хуҷанд дар поёни соли 2012 аз ҷониби шаҳрвандон бобати мавҷуд набудани чойхонаи вижаи мӯйсафедон дар шаҳри Хуҷанд муроҷиат шуда буд.

Табрики Раиси вилоят бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 1 Овоз )

ТАБРИКИ  Раиси вилоят бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳамдиёрони гиромӣ!

Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки дар замони навини давлатдориамон Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол инҷониб рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо меорад ва дар таъмини зиндагии хурраму осуда, сулҳу ваҳдати комил, амнияти миллӣ, якпорчагӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлоламон саҳми таърихӣ ва беназир дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад».

Иштироки Қоҳир Расулзода дар таҷлили 20-солагии Рӯзи Артиш

( 1 Овоз )

Иштироки Қоҳир Расулзода дар таҷлили 20-солагии Рӯзи Артиш

Видео ::Иштироки Қоҳир Расулзода дар таҷлили 20-солагии Рӯзи Артиш
Субҳи имрӯз бахшида ба 20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Артиши миллӣ дар бинои театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи  Камоли Хуҷандӣ ҷамъомади идона баргузор гардид. Дар он хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании мустақар дар вилояти Суғд, собиқадорон, роҳбарони мақомоти интизомии вилоят ва дигарон ҳузур доштанд.  Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар суханронии хеш тамоми ҳозиринро ба муносибати ҷашни фархунда  табрик намуда, артишро сипари мамлакат, кафили амният ва зиндагии

Сафари кории Раиси вилоят ба водии Зарафшон

( 1 Овоз )

Сафари кории Раиси вилоят ба водии Зарафшон

Видео ::Сафари кории Раиси вилоят ба водии Зарафшон

Тайи ду рӯзи аввали ҳафта Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба водии Зарафшон сафари корӣ анҷом дод. Рӯзи душанбе дар ҷараёни боздиди корӣ аз шаҳри Панҷакент Қоҳир Расулзода  бо ҳамроҳии вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ аз корхонаи муштараки «Зарафшон» дидан намуда, бо рафти корҳои сохтмону васлӣ дар коргоҳи холисгардонии тилло шинос шуданд ва бо мутахассисони ҷумҳурии мардумии Чин, ки дар коргоҳи нави ин корхонаи бузурги саноатӣ фаъолият доранд, сӯҳбат оростанд. Таъкид гардид, ки ин коргоҳ барои холисгардонии 5 тонна тилло дар 1 сол пешбинӣ шуда, он дар арафаи таҷлили ҷашни байналмиллалии Наврӯз расман ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.

Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳри Исфара

( 1 Овоз )

Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳри Исфара

Видео :: Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳри Исфара
Санаи 14 –уми феврали соли ҷорӣ Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дод. Зимни сафари корӣ Раиси вилоят дар маросими оғози корҳои азнавсозӣ ва сохтмон дар варзишгоҳи марказии «Зарбдор» иштирок намуда, бо меъморону коргарон мулоқот орост. Бояд гуфт, ки  моҳи июли соли гузашта Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  зимни сафари кории худ ба ин минтақа оид ба таҷдиду азнавсозии варзишгоҳи марказии шаҳр ба масъулин супоришҳои мушаххас дода буд.

Сараввал Раиси вилоят бо лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди варзишгоҳ шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки барои иҷрои лоиҳаи мазкур беш аз 21 миллион сомонӣ зарур аст. Ин варзишгоҳ баъди таҷдид дорои  20 ҳазор ҷои нишаст хоҳад  шуд  ва бояд моҳи сентябри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Нахустин ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар соли 2013

( 0 Овоз )

Нахустин ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар соли 2013Дирӯз дар толори хурди Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи аввалини Шӯрои ҷамъиятии вилоят дар соли равон баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси Шӯрои ҷамъиятии вилоят, Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ифтитоҳ намуд. Пасон дар рафти ҷаласа ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар вилояти Суғд  ба аъзогии Шӯрои ҷамъиятии вилоят қабул карда шуд.

«Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии вилоят дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013-ум» муовини аввали Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов гузориш дод.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят Саидбой Зокиров, раиси созмони вилоятии ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Дилбар Самадова, раиси бахши вилоятии ҳизби демократии Тоҷикистон Файзуллоҷон Файзиев, муовини аввали раиси ҳаракати ҷамъиятии ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон

ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Раиси вилоят