Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд - 02.07.2020 11:06
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд - 03.07.2020 11:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд - 03.07.2020 13:05
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ду хати нави технологияи истеҳсолиро дар ҶСП «Оби Зулол» мавриди истифода қарор доданд - 01.07.2020 10:16
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Беморхонаи ноҳиявии №5-ро ифтитоҳ намуданд - 01.07.2020 10:19
Президенти мамлакат аз майдони парвариши картошка дар хоҷагии деҳқонии «Шердил»-и ноҳияи Деваштич дидан карданд - 01.07.2020 10:22
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти ҶДММ «Сирдарё» шинос шуданд - 02.07.2020 07:56
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази савдою хизматрасониро ифтитоҳ ва ба ятимон туҳфаҳо тақдим карданд - 02.07.2020 07:57
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд»-ро ба истифода доданд - 02.07.2020 07:58
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Суғдиён»-ро ифтитоҳ намуданд - 02.07.2020 08:52

Навиди Раиси вилоят

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят

( 2 Овоз )

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоятРӯзи шанбе, 4 октябр 15 нафар сокинон бо масоили гуногун ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намуданд.

Дар ин рӯз аз Бобоҷон Ғафуров - 5 нафар, Мастчоҳ - 5 нафар, Истаравшан - 2 нафар, Хуҷанд - 1 нафар, Ғончӣ - 1 нафар, Чкалов 1 пазируфта шуданд.

Ба Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ шаҳрвандон асосан бо масоили замин ва баҳси он, манзил, таъмин шудан бо оби нӯшокӣ ва полезӣ, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандӣ, маорифу тандурустӣ ва ғайра муроҷиат намуданд.

Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳри Исфара

( 2 Овоз )

Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳри Исфара

Видео : Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳри Исфара Дирӯз, 29 сентябр Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дод. Дар доираи ин сафари хеш Раиси вилоят сараввал ба рафти корҳои обтаъминкунии мавзеи Моҳпарӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуд.

Зимни шиносоӣ бо нақшаи хатти лоиҳавии обтаъминкунии минтақаи Моҳпарӣ иттилоъ дода шуд, ки то имруз аз 12 км масофаи умумӣ дар беш аз 7 километри он қубурҳои баландфишор хобонида шудааст. Тавре зикр гардид, корҳои васлу насби қубурҳо ҳануз 2 моҳ қабл оғоз ёфта, он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят амалӣ карда мешавад, ки барои ин аз буҷаи вилоят 3 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят

( 0 Овоз )

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоятРӯзи шанбе, 27 сентябр 49 нафар сокинони вилоят бо масоили гуногун ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намуданд.

Дар ин рӯз аз Хуҷанд – 11 нафар, Мастчоҳ – 13 нафар, Истаравшан – 3 нафар, Ғончӣ - 4 нафар, Бобоҷон Ғафуров – 10 нафар, Шаҳристон 2 нафар,  Зафаробод – 5 нафар, Қайроққум – 2 нафар, Исфара – 1 нафар, Кӯҳистони Мастчоҳ – 1 нафар пазируфта шуданд.

Ба роҳбарият шаҳрвандон асосан бо масоили замин ва баҳси он, кишоварзӣ, манзил ва баҳси он, шикоят аз фаъолияти роҳбарият, таъмин шудан бо оби нӯшокӣ ва полезӣ, таъмири роҳ, маорифу тандурустӣ ва ғайра муроҷиат намуданд.

Машварати кории Раиси вилоят

( 1 Овоз )

Машварати кории Раиси вилоятИмрӯз Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо иштироки раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва дигар шахсони дахлдор доир ба масъалаҳои ҷорӣ машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат таваҷҷӯҳи асосӣ ба рафти ҷамъоварии ҳосили пахта равона карда шуд. Изҳори нигаронӣ карда шуд, ки шумораи чинакчиён назар ба соли гузашта 21 ҳазор нафар кам шуда, ҷамъоварии тиллои сафед ҳар рӯз ба андозаи 2,5 фоизи нақша аст. Абдураҳмон Қодирӣ роҳбарияти навоҳии пахтакор ва мутасаддиёни соҳаро супориш дод, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид суръати чинишро афзун кунанд ва ба ҳар кило пахтаи чидашуда на кам аз 50 дирам ҳакгузорӣ намоянд.

Маросими супоридани Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров

( 1 Овоз )

Маросими супоридани Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон ҒафуровИмрӯз пас аз Иҷлосияи маҷлиси вакилони халқи вилоят маросими супурдани Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров доир шуд.

Бояд гуфт, ки ин ҷоизаҳои бонуфуз дар ду сол як маротиба  ба намояндагони илму адабиёт, ки дар рушди ин соҳаҳо саҳми арзанда гузоштаанд, супорида мешавад. Тули 18 сол бо ин мукофот 71 нафар аҳли илму адабиёт сарфароз гардидаанд.

Имсол бошад, аз 20 нафар довталаб 7 нафар тибқи хулосаи Комиссияи босалоҳият ва бо Қарори Раиси вилоят ба ин ҷоизаҳо лоиқ дониста шудаанд.

Баргузории Иҷлосияи 19 – уми Маҷлиси вакилони халқи вилоят

( 0 Овоз )

Баргузории Иҷлосияи 19 – уми Маҷлиси вакилони халқи вилоят

Видео : Баргузории Иҷлосияи 19 – уми Маҷлиси вакилони халқи вилоят Имрӯз дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Иҷлосияи 19-уми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати чорум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия аз 70 нафар вакил 59 нафар ширкат варзиданд.

Пас аз интихоби ҳайати котибот вакилон рӯзномаи иҷлосияро аз руи 8 масъала тасдиқ карданд. Аз рӯи масъалаи аввал рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2013, №439 «Дар бораи таҷлили 20 – солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» Муовини аввали Раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов ҳисобот дод.

ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Раиси вилоят