Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуданд - 02.07.2020 11:06
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд - 03.07.2020 11:59
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд - 03.07.2020 13:05
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ду хати нави технологияи истеҳсолиро дар ҶСП «Оби Зулол» мавриди истифода қарор доданд - 01.07.2020 10:16
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Беморхонаи ноҳиявии №5-ро ифтитоҳ намуданд - 01.07.2020 10:19
Президенти мамлакат аз майдони парвариши картошка дар хоҷагии деҳқонии «Шердил»-и ноҳияи Деваштич дидан карданд - 01.07.2020 10:22
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти ҶДММ «Сирдарё» шинос шуданд - 02.07.2020 07:56
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази савдою хизматрасониро ифтитоҳ ва ба ятимон туҳфаҳо тақдим карданд - 02.07.2020 07:57
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд»-ро ба истифода доданд - 02.07.2020 07:58
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Суғдиён»-ро ифтитоҳ намуданд - 02.07.2020 08:52

Навиди Раиси вилоят

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят

( 0 Овоз )

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоятРӯзи шанбеи 20 декабр 42 нафар шаҳрвандон бо масоили гуногун ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намуданд.

Дар Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд – 8 нафар, Бобоҷон Ғафуров – 10 нафар, Ғончӣ - 7 нафар, Зафаробод – 4 нафар, Истаравшан – 3 нафар, Мастчоҳ – 2 нафар, Ашт – 2 нафар, Чкалов – 2 нафар,  Ҷаббор Расулов – 1 нафар, Спитамен – 1 нафар, Айнӣ - 1 нафар, Истиқлол – 1 нафар пазируфта шуданд.

Сокинони вилоят асосан бо масоили замин ва баҳси он, кишоварзӣ, сохтмон, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандӣ, таъмин шудан бо оби полезиву нӯшокӣ ва ғайра муроҷиат намуданд.

Дар соҳаи кишоварзӣ сифати дастовардҳо қонеъкунанда аст

( 1 Овоз )

Дар соҳаи кишоварзӣ сифати дастовардҳо қонеъкунанда астИмрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласа оид ба натиҷаҳои соҳаи кишоварзии вилоят дар соли 2014 баргузор гардид, ки дар  муовинони Раиси вилоят, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо ва муовинони онҳо, сардорони идораҳои кишоварзӣ раисони ҷамоатҳои деҳот ва шаҳрак ва масъулини сохторҳои дахлдори вилоятӣ ширкат варзиданд.

Ҷаласаро Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ифтитоҳ намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти кормандони соҳаи кишоварзии вилоят дар соли 2014, бахусус роҷеъ ба амалишавии Қарори Раиси вилоят «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилоят ба хоҷагиҳои деҳқонии инфиродию оилавӣ» аз 9 декабри соли 2013, №278, вазъи обрасонӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истифодаи пурсамари қоидаҳои агротехникии пешқадам ва тухмиҳои хушсифат, ҳамзамон бобати идомаи минбаъдаи раванди ислоҳоти соҳа суханронӣ намуда, дар маҷмӯъ, дастовардҳои кишоварзони вилоятро нек арзёбӣ намуд.

Ба дашти Сомғор об омад. Ободкорӣ оғоз мешавад

( 1 Овоз )

Ба дашти Сомғор об омад. Ободкорӣ оғоз мешавад

Видео : Ба дашти Сомғор об омад. Ободкорӣ оғоз мешавад Таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон аз ҳадафҳои марказии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин замина тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як қатор  иқдомҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла, азхудкунии заминҳои бекорхобида омили асосии таъмини аҳолӣ бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ бо мақсади муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ва коҳиш додани раванди  муҳоҷирати меҳнатӣ арзёбӣ мегардад.

Дар партави ҳадафҳои ояндасози Сарвари давлат бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят азхудкунии заминҳои бекорхобидаи дашти Сомғор оғоз гардида буд.

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони марказҳои савдо

( 0 Овоз )

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони марказҳои савдо

Видео : Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони марказҳои савдо Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва барқароркунии марказҳои савдои аз сӯхтор зарардида ба ин мавзеъ ташриф овард.

Зимни шиносоӣ таъкид шуд, ки дар сохтмони нуқтаҳои савдо  то имрӯз пойдевори асосӣ бардошта шуда, корҳои сохтмонӣ бо риояи талаботи меъморӣ идома доранд. Раиси вилоят зимни боздид ба роҳбарони марказҳои савдо ва шахсони масъул супориш дод, ки корҳои сохтмонӣ ҷоннок карда шуда, барои минбаъд пешгирӣ намудани ҳолатҳои нохуш сохтмон бояд ба талаботи зиддисӯхторӣ ҷавобгӯ бошад.

Анҷоми машқҳои муштараки ситоди фармондеҳӣ

( 0 Овоз )

Анҷоми машқҳои муштараки ситоди фармондеҳӣ

Видео : Анҷоми машқҳои муштараки ситоди фармондеҳӣ Аз 9-ум то 11-уми декабр дар ҳудуди гарнизони Суғд маҷмуи машқҳои муштараки ситоди фармондеҳӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ баргузор гардид.

Ин машқҳои ҳарбӣ бо ҷалби раисони шаҳру навоҳӣ, комиссарони ҳарбӣ, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ ва роҳбарони ҳолатҳои фавқуллодаи  ин минтақаҳо, масъулини Раёсату шӯъба ва ташкилотҳои вилоятӣ ва ҳамаи шахсони марбутаи соҳа ҷараён гирифт.

Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти СуғдИмрӯз таҳти раёсати Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ иҷлосияи бистуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати чорум баргузор гашт. Дар ҷараёни иҷлосия се масъала мавриди баррасӣ ва муҳокимаи вакилон қарор гирифт.

Дар кори иҷлосияи бистуми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи вилоят даъвати чорум вакилон, муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони Раёсатҳо, идораю кумитаҳо ва ғайраҳо иштирок намуданд. Рӯзномаи кори иҷлосия а се масъала – интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум, оид ба ташкили комиссияи вилоятии интихобот доир ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум ва дар бораи миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум иборат буд.

ШУМО ДАР: БАХШҲО Навиди Раиси вилоят