Cафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов

( 3 Овоз )

Видео ::Cафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов

Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз  ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид намуд.
Сараввал Раиси вилоят  бо ташкили боғи нав дар хоҷагии « Умари Хайём» ва рафти шудгори заминҳои  Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Она Нодирбобоева   шинос  шуд.
Қоҳир Расулзода  дар шаҳраки Пролетар аз иншооти бунёдшудаистодаи бозори «Ашроф»  дидан намуда, он ҷо хишти аввал ва нома ба наслҳои оянда гузошт
Имрӯз барои сокинони ҷамоатҳои Зарафшон ва Ӯзбекқишлоқ басо фараҳбахш буд, зеро Раиси вилоят  расман  дар маросими ифтитоҳи пули азнавбарқароргаштаи роҳи Пролетар- Ӯзбекқишлоқ - Зарафшон  иштирок намуд.

Пули мазкур дар натиҷаи офати сел баҳори соли равон  корношоям гашта буд ва бо супориши Раиси вилоят дар муддати кӯтоҳ аз нав барқарор карда шуд.
Қоҳир Расулзода  зимни сафари корӣ  аз рафти сохтмони боз як пул дар мавзеи Селкани ҷамоати Гулхона  боздид ба амал овард.
Дар анҷоми сафар Раиси вилоят  бо ҷараёни корҳои таъмирӣ дар пойгоҳи обкашии «Деҳмой -1» шинос шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share