Таҷлили мавлуди Ҳунарпешаи мардумӣ Сайрам Исоева

( 1 Овоз )

Видео ::Таҷлили мавлуди Ҳунарпешаи мардумӣ Сайрам Исоева

Дар театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ  бахшида ба 70 солагии Ҳунарпешаи мардуми Тоҷикистон Сайрам Исоева чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ибтидои он филмномае аз роҳи тайнамудаи ин бонуи ҳунар дар ҷодаи театр ва кино манзури аҳли толор карда шуд. Сипас вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ Сайрам Исоеваро аз номи Ҳайъати мушовараи кормандони театри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта,   аз хизматҳои ибратбахш ҳунарпеша  дар рушди санъати тоҷик  ёдовар шуд.
Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода  зимни суханҳои  табрикотӣ ба  Ҳунарпешаи мардуми Тоҷикистон Сайрам Исоева телевизори ранга ва ҳуҷҷатҳои хонаи дуҳуҷрагиро дар маркази шаҳри Хуҷанд  тӯҳфа намуд.
Дар поёни барнома  саҳначаҳои  театрӣ аз рӯзгори Ҳунарпешаи мардуми Тоҷикистон Сайрам Исоева манзури мухлисон гардид.


Хадамоти матбуотии
Раиси вилояти Суғд

Share