Маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид

( 0 Овоз )

Видео ::Маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид

Ҳамасола бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар арафаи баҳор, охири моҳи феврал ярмарка- фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан, гулу гулбуттаҳои гуногун ва тухмии зироатҳо баргузор мегардид.
Дар майдони Ситораҳои шаҳри Хуҷанд маъракаи навбатии ярмарка-фуруши ниҳол, инчунин дигар маҳсулоти озуқаворӣ  баргузор гардид. Дар он Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва  дигар масъулин иштирок доштанд.
Дар ярмарка аз 6 муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят, аз ҷумла хоҷагии ҷангали ноҳия, хоҷагии ҷангали ба номи Нурулло Ҳувайдуллоеви ноҳияи Ашт, хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан, хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон, хоҷагии ҷангали ноҳияи Зафаробод, инчунин бахши муҳити зисти ноҳияи Спитамен, шаҳри Чкалов ва парваришгоҳи «Арча» иштирок намуданд.

Дар ярмарка- фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан, гулу гулбуттаҳо  аз тарафи Сармуассисаи хоҷагии ҷангали вилоят зиёда аз 5 ҳазор кӯчати ниҳоли ҳамешасабз, 1000 бех мевадиҳанда, зиёда аз 100 намуди гулу буттаҳо оварда, бо нархи арзон пешкаши аҳолӣ  намуд.
Ҳамчунин, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Cарраёсати кишоварзии вилоят ва раёсати кишоварзии шаҳру навоҳии Конибодом, Исфара, Ашт, Мастчоҳ Fончӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Fафурову Зафаробод маҳсулоти кишоварзиро дар ярмарка пешкаши сокинон намуданд.
Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла сабзиву картошка, пиёзу шалғам, себу ангур, харбузаву тарбуз, орду  биринҷ,  равғану гӯшт  ва дигар маҳсулотро нисбат ба бозори шаҳр  20-30 фоиз арзон  пешкаши харидорон гардид.
Раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз рафти ярмарка маҳсулоти босифати кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят дидан карда, ба масъулини соҳа супориш дод, ки нархи маҳсулоти пешкашкарда бояд аз нархи бозор арзон бошад.
Дар ярмарка маҳсулоти босифати озуқаворӣ  бо нархҳои  арзон, аз қабили 1 кило  картошка- 1 сомону 60 дирам, сабзӣ -70 дирам, турб - 70 дирам, харбузаву тарбуз аз 5 то 10 сомонӣ,  себ- 1 сомонию 50 дирам, як халта орд- 130 сомонӣ, равған- 7 сомонию 20 дирам, биринҷ- 4 сомонию 50 дирам, гӯшти гов -24 сомонӣ, гӯшти гусфанд - 27 сомонӣ фурӯхта шуданд.
Ҳамчунин  худи ҳамин рӯз     Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар саҳни бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share