Табрики Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия

( 0 Овоз )

Ҳамватанони гиромӣ!
Соли дуюм аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳҳои ид»  санаи 7-уми декабр чун Рӯзи кормандони мақомоти молия дар қаламрави кишварамон мутантан таҷлил мешавад.
Ҷои ифтихор аст, ки кормандони соҳаи молияи вилоят дар роҳи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар бо дарки масъулият ва иҷрои сарбаландонаи вазифаи худ -  омода намудан ва иҷрои буҷети давлатӣ, танзими самаранок истифодабарии маблағҳои буҷети давлатӣ ва идоракунии низоми молиявиро бо талаботи меъёрҳои байналхалқӣ саҳеҳ тарҳрезӣ ва амалӣ намуда, ба натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардидаанд.

Таъмини рушди бомароми иқтисод, пешравии соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва ғанигардонии буҷети давлатии вилоят аз он гувоҳӣ медиҳад, ки  дар вилоят низоми молиявӣ ва харҷи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Бо шарофати ин амал  дар  вилоят корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза ёфта, соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рушду таҳким ёфтаву садҳо иншоотҳои ҳаётан муҳим мавриди истифода қарор гирифтаанд. Бунёди иншоотҳо, аз ҷумла варзишгоҳ барои 18 000 ҷои нишаст дар шаҳри Истаравшан, таъмиру тармими Қасри Арбоб ва бунёди маркази фарҳангии боҳашамат дар шафати он, ки дар рӯзҳои баргузории ҷашни 20-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун маҷмааи таърихӣ ва баёнгари санъати миллию тамаддуни соҳибсанъатии тоҷикон муаррифӣ шуд ва бунёди беш аз 200 иншоотҳои ҷашнӣ маҳсули хизмати мардуми вилоят дар роҳи расидан ба олитарин ҳадафҳои давлатдорӣ, аз ҷумла заҳмати кормандони соҳаи молия ба шумор меравад, ки самараи неки даврони истиқлолият арзёбӣ мегарданд.
Кормандони соҳаи молияи вилоятро ба ифтихори иди     касбӣ - Рӯзи кормандони мақомоти молия аз номи худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сидқан табрику таҳният гуфта, барояшон омади кор ва фатҳи қуллаҳои баланди меҳнатиро  таманно дорам.  
Иди касбӣ, муборак!


 

Share