Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо Виктор Никитюк

( 1 Овоз )

Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо Виктор Никитюк

Видео : Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо Виктор Никитюк

Санаи 20-уми сентябр Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон ҷаноби Виктор Никитюкро, ки бо сафари корӣ дар вилоят қарор дошт, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот Виктор Никитюк ба рафти баргузории ҳамоиши сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе баҳои баланд дод ва аз афзун гардидани мақом ва обрӯи байналмилалии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард. Дар ҷараёни мулоқот асосан ҳамкориҳои  минтақавии иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки самти афзалиятноки ҳамкориҳои тарафайни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Украина метавонад воридоти техникаи соҳаи кишоварзӣ ба вилояти мо ва содироти меваи хушк ба ин кишвар бошад. Зеро Украина дар масъалаи истеҳсоли нақлиёти хоҷагии халқ таҷрибаи кофӣ дорад. Дар вилояти Суғд бошад, захираи зиёди меваҳою сабзавот вуҷуд дорад. Ҷонибҳо рафти ҳамкориҳои истеҳсолию тиҷоратиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот  ба масъалаи таъсиси корхонаи муштарак дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд дар самти дастрасии таҷҳизоти техникаи кишоварзӣ ва истеҳсоли тракторҳо таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд. Имруз дар вилоят чунин шароиту имконият вуҷуд дорад ва мутахассисони таҷрибадор низ ҳастанд. Дар марҳилае, ки дар вилоят ислоҳоти замин ва ташкили хоҷагиҳои шакли нав  гузаронида  мешавад, ниёз ба ташкили марказҳои хизматрасонии техникӣ ва тракторҳо бештар шудааст ва таъсиси чунин корхонаи муштарак пеш аз ҳама ба манфиати деҳқонон хоҳад буд. Таъсиси додани корхонаи муштарак ва шароити мувофиқи сармоягузорӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд, ки ба сармоягузорон имтиёзҳои хеле мувофиқро пешбинӣ мекунад, аз ҷониби сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк мувофиқи матлаб дониста шуд. Дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд бо сармоягузории корхонаи «Юж маш» - и Днепропетровски Украина  корхонаи истеҳсоли тракторҳо ва техникаи хоҷагии қишлоқ ба роҳ монда мешавад.

То имруз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина чанд санади ҳамкориҳои минтақавӣ қабул шуда, равобити фарҳангӣ ва иқтисодӣ бо ин кишвар густариш меёбад. Сафири Украина ҳамчунин ҳавасмандии ширкатҳои украиниро барои ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика баён намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share