Машварати корӣ оид ба зимистонгузаронӣ

( 0 Овоз )

Машварати корӣ оид ба зимистонгузаронӣ

Видео : Машварати корӣ оид ба зимистонгузаронӣ

Рузи шанбе, 20-уми сентябр дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи сайёри ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ барои тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 баргузор гашт.

Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоят ва дигар сохторҳои дахлдори вилоятӣ иштирок доштанд.

Нахуст муовини Раиси вилоят Хайрулло Амонулло оиди омодагии  соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят барои зимистони дар пеш истода маълумот дод. Қайд гардид, ки пас аз ба тасвиб расидани Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз моҳи майи соли ҷорӣ дар бораи омодагии саривақтӣ барои тирамоҳу зимистони солҳои 2014 - 2015 дар вилоят як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла дар ин давра мувофиқи нақша дар қаламрави вилоят зиёда аз 11 ҳазор тонна ангишт  захира карда шудааст. Барои бомуваффақият паси сар намудани зимистони дар пеш истода барои  соҳаи тандурустӣ наздик 2700 тонна ва маориф   зиёда аз 7800 тонна ангиштсанг зарур аст. Аммо чи хеле аз маълумотҳо бармеояд, нақшаи пешбинишуда то имруз дар соҳаи тандурустӣ 86 дарсад ва соҳаи маориф  90 дарсад иҷро гардидааст. Ҳамчунин зикр ёфт, ки барои таъмини аҳолӣ бо маводи сӯхт, аз ҷумла ангишт ва гази моеъ дар қаламрави вилоят 700 нуқтаи фурӯши ангиштсанг ташкил карда шуда, ҳамзамон  356 адад нуқтаҳои фуруши гази моеъ фаъолият мебарад.

Дар ин росто рафти захиракунии ангишт дар як қатор шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла Истаравшан, Айнӣ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Ашт ва Кӯҳистони Мастчоҳ суст арзёбӣ гардид. Раиси вилоят аз масъулини ин минтақаҳо пурсиш ба амал оварда, нисбати фаъолияти роҳбарони шӯъбаҳои маориф, тандурустӣ ва шабакаҳои барқ эроди ҷиддӣ гирифт.  Барои бартараф намудани ин камбудиҳо ва захиракунии саривақтии сӯзишворӣ  ба мутасаддиёни соҳа то санаи 1-уми октябр муҳлат дода шуд. Фасли тирамоҳ барои марди деҳқон мавсими ғунучини дастранҷи хеш мебошад. Аз ин лиҳоз Сарраёсати кишоварзии вилоят вазифадор гардид, ки ҳосили руидаро саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намуда, барои хуроки чорво мувофиқи нақшаи пешбинишуда хошок захира карда шавад. Инчунин ҷамъияти матлуботи вилоят бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ бояд аз сардхонаҳои мавҷуда самарнок истифода бурда, захираи онро ба роҳ монад.

Роҳбарияти шабакаҳои барқи вилоят бошад муваззаф гардид, ки тақсимоти одилонаи нерӯи барқро ҷорӣ намояд ва барои таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ чораҳои машаххас андешад. Идораи роҳсозии вилоят низ баҳри омодагии саривақтӣ ва захираи сузишвориву маводҳои зидди лағзиш вазифадор карда шуд. Таъкид гардид, ки рушду ривоҷи самтҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар таҳти таваҷҷӯҳи бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, омодагии саривақтӣ ба давраи зимистону тирамоҳи солҳои 2014 - 2015 имкон медиҳад ин равнад минбаъд низ бомаром идома ёбад.

Дар идомаи ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим  изҳори умед кард, ки масъулин баҳри иҷрои саривақтии нақшаи хеш ва пурмасъул заҳмат кашидан ҷаҳду талош хоҳанд варзид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Машварати корӣ оид ба зимистонгузаронӣМашварати корӣ оид ба зимистонгузаронӣ

Share