Боздиди Раиси вилоят аз намоиши асарҳои ҳунарманду наққош ва рассоми номӣ Зиёвиддин Мирзоев

( 0 Овоз )

21 январ дар Арт-галереяи “Сомониён”-и маркази вилоят намоиши асарҳои ҳунарманду наққош ва рассоми номӣ Зиёвиддин Мирзоев доир шуд.

Дар намоиш асарҳои рассом бо номҳои “Тирамоҳи кӯча”, “Нақши аввалин”, “Гавазн”, “Нурафшон”, “Садбарг”, “Фарҳанг”, ”Шӯхоб”, “Рӯди куҳӣ”, “Роҳи Аглук”, “Ҷӯи мӯлиён”, “Гулдаста”, “Санги лағжон”, “Маликаи Саразм”, “Меҳргон”, “Зарафшон”, “Баландкуҳ”, “Ангур”, “Кӯли диёр”, “Пулча”, дар маҷмуъ 59 номгӯй пешниҳоди тамошобинон гардонида шуд.

Дар осори ба намоиш гузошташуда манзараҳои дилфиреби Тоҷикистони биҳиштосо, рӯду куҳҳо, зебоиҳои ҳаёт, образҳои воқеию бадеӣ, Саразми бостон, маликаи Саразм тасвир шудааст, ки аз ҳунари волои рассом гувоҳӣ медиҳанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши мазкур дидан карда, ба ҳунари наққош ва рассом Зиёвиддин Мирзоев баҳои баланд дод. Таъкид карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои дастгирии ҳунармандон ва рушди навъҳои гуногуни санъату ҳунар тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Ташкили чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии сокинон, дарки зебоиҳо, муаррифии бештари манзараҳои нотакрор саривақтӣ буда, арҷгузорӣ ба ҳунару офаридаҳои эҷодкорон низ маҳсуб меёбад.

Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати харидории асарҳои беҳтарини рассом ва ҷойгир намудани онҳо дар осорхонаву дигар муассисаҳои фарҳангӣ ба масъулин супоришҳо дода, дастур дод, ки намоиши асарҳои рассомонро мунтазам ба роҳ монда, барои иштироки рассомон дар озмуну намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мусоидат карда шавад.

Боиси зикр аст, ки Зиёвиддин Мирзоев бо тахаллуси Наққош фаъолият дорад. Ӯ зодаи шаҳри бостонии Панҷакент буда, хатмкардаи омӯзишгоҳи рассомии ба номи М.Олимов мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share