Дар ноҳияи Шаҳристон бунёди фермаи парандапарварӣ барои парвариши 110 000 сар мурғ ҷараён дорад

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Шаҳристон сафар кард.

Зимни сафар роҳбари вилоят рафти корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Раҷаббой Аҳмадзода нахуст бо фаъолияти фермаи парандапарварии соҳибкор Хайриддин Бобоев шинос гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, бо иқдоми соҳибкор фермаи парандапарварии ҶДММ “Мурғи Шаҳристон” таъсис дода шуда, айни замон сохтмони бино ва иншооти комплекси парандапарварӣ барои парвариши 110 000  сар мурғ ҷараён дорад.

Лоиҳаи иншоотро КФ КВД “Лоиҳакаш” дар ноҳияи Шаҳристон омода намудааст ва харҷномаи лоиҳавии он 13 миллиону 250 ҳазор сомонӣ аст.

Дар ферма ҳамзамон коргоҳи забҳи паранда бунёд ва бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шудааст, ки дар он метавон дар як рӯз то даҳ ҳазор сар парандаро забҳ намуд.

Раиси вилоят ташаббуси соҳибкорони маҳаллиро хуш истиқбол намуда, изҳор дошт, ки ташкили чунин фермаҳои парандапарварӣ барои таъмини бозор бо гӯшти мурғ ва тухм мусоидат мекунад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share