Оғози сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан

( 0 Овоз )

19 январ дар шаҳри Истаравшан бо иштироки Раиси вилояти Суғд  Раҷаббой Аҳмадзод ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  шаҳр санги асос гузошта шуд.

Тибқи лоиҳа бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан аз се ошёна иборат буда, лоиҳаи иншооро Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” омода намудааст.

Раиси вилоят дар суҳбат бо ҳизбиён иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯи созанда ва тавонои ҷомеа ба шумор рафта, ғояҳои асосии давлату Ҳукуматро дар байни мардум фаъолона тарғибу ташвиқ менамояд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки бо баробари сохта ба истифода додани бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан шароити корӣ беҳтар гардида, фаъолияти ҳизбиён  боз ҳам густариш хоҳад ёфт.

Дар ҷараёни мулоқот аз номи собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муаззама Абдуваҳҳобова баромад намуда, арзи сипоси ҳизбиёнро ба Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share