Шиносоӣ бо ҷараёни бунёди боғчаи бачагона дар шаҳри Истаравшан

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафаи корӣ ба шаҳри Истаравшан дар Ҷамоати деҳоти Зарҳалол бо ҷараёни бунёди боғчаи бачагона шинос шуд.

Тавре зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, лоиҳаи он аз ҷониби  мутахассисони «Суғдшаҳрофар» омода гардидааст.

Бино барои 100 нафар кӯдак пешбинӣ шуда, маблағи умумии сохтмон 2 миллиону 360 ҳазор сомониро ташкил менамояд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани кӯдакистон 16 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба муассисони кӯдакистон барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ, кабудизоркуниву хуррамгардонии атрофи иншоот ва дигар корҳои ободонӣ дастуру супоришҳо дод.

Қайд карда шуд, ки дар вилоят имрӯзҳо барои ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон аз тамоми имкониятҳо истифода гардида истодааст ва дар ин раванд саҳми соҳибкорон шоистаи таҳсин аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Share