Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Спитамен

( 0 Овоз )

Дар ноҳияи Спитамен ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷараён дошта, сокинон барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни таърихӣ аҳлона меҳнат намуда истодаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои ободонӣ аз ноҳияи Спитамен боздид намуд. Чуноне иттилоъ дода шуд, соли 2020 дар ноҳияи Спитамен рушди соҳаи саноат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 668 млн. 687,9 ҳазор сомониро ташкил дод. Айни ҳол дар ноҳия 23 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, дар соли гузашта корхонаи хурди равғанбарории ҶДММ “25 – солагии Истиқлолият”, марҳилаи дуюми ҶСП “Норд Азия Металл”, сехи коркарди мағзи зардолу ва банду басти он дар ҶДММ “Зуҳал КО” ва заводи хиштбарорӣ дар Ҷамоати деҳоти Куруш мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

ҶДММ “25 – солагии Истиқлолият” яке аз корхонаҳои калони пахтатозакунӣ маҳсуб ёфта, муассисони корхона талош доранд, ки ашёи хомро то ҳадди ниҳоӣ коркард намуда, маҳсулоти тайёрро пешниҳоди сокинон созанд. Бо ин мақсад дар назди ҶДММ “25 – солагии Истиқлолият” корхонаи хурди равғанбарорӣ таъсис дода шуд, ки он дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас дорад. Айни замон дар корхона 30 тонна равған захира гардида, он ба бозор ворид карда мешавад.

Раиси вилоят ба фаъолияти корхонаи ҶДММ “25 – солагии Истиқлолият” баҳои баланд дода, барои боз ҳам бештар намудани ҳаҷми истеҳсолот тавсияҳо дод.

Сипас, роҳбари вилоят ҷараёни корҳои сохтмониро дар корхонаи коркарди шир мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Корхонаи коркарди шир дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ-санотикунонии босуръати кишвар бунёд гардида истодааст.

Ҳангоми шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки корхонаи коркарди шир аз ҷониби ҶСП “Комбинати Шири Душанбе” сохта шуда истодааст. Маблағи умумии сармоявӣ 7,5 миллион сомониро ташкил дода, аз он 3,5 миллион маблағи умумии сохтмон ва 4 миллион маблағи таҷҳизоти воридшаванда ба ҳисоб меравад.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур коркарди 20 тонна шир дар як баст, аз ҷумла 1 тонна шири хушк дар як шабонарӯз ба ҳисоб меравад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share