Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди фермаи чорводорӣ дар ноҳияи Айнӣ

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ бо рафти бунёди фермаи чорводорӣ шинос гардид.

Чуноне ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, бо мақсади саҳмгузорӣ дар иҷрои “Барномаи маҷмӯъавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар ноҳия ферма ташкил гардида, дар он парвариши чорвои калон ба роҳ монда мешавад. Тибқи лоиҳа дар ферма 200 сар чорвои калон парвариш карда шуда, барои афзун намудани саршумору маҳсулнокии чорво, инчунин таъмини бозори истеъмолӣ бо гӯшту шир чораҷӯӣ карда мешавад.

Раиси вилоят иқдоми мазкурро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, тавсия дод, ки ояндаи наздик дар заминаи ферма корхонаи коркарди шир низ бунёд карда шавад.

Дар ноҳияи Айнӣ ба бунёди боғҳои инсентивӣ ва суперинтенсивӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, тибқи нақша соли ҷорӣ дар деҳаи Сангистон боғи суперинтенсивӣ бунёд хоҳад шуд. Иқлими ноҳия барои боғпарварӣ мусоид буда, сокинони ноҳия аз ин ҳисоб метавонанд даромади хуб ба даст оранд.

Раиси вилоят ҳини боздид аз мавзеи бунёди боғ таъкид кард, ки дар боғи бунёдшаванда пеш аз ҳама дарахтони мутобиқ ба иқлими маҳал, аз ҷумла себ шинонида шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share