Боздиди Раиси вилоят аз бозори марказии Панҷшанбе

( 0 Овоз )

Имрӯз Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо нархи маҳсулот аз бозори марказии Панҷшанбе боздид кард.

Тавре зимни боздид мушоҳида гардид, дар бозор маводи ғизоӣ фаровон ва нархи маҳсулот муътадил мебошад.Дар натиҷаи тадбирандешиҳои давлату Ҳукумат ва амалисозии чораҳои мушаххас дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ имсол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ афзуда, фаровонии маҳсулот дар бозор таъмин гардид.

Масалан, бо зиëд намудани майдони шолӣ соли ҷорӣ 55 ҳазор тонна шолӣ истеҳсол шуда, нархи биринҷ дар бозор 9-10 сомонӣ аст. Ë худ бо беҳтар гардидани шумораи гармхонаҳо нархи помидору бодиринг низ нисбати соли гузашта арзонтар аст.

Раиси вилоят ҳини боздид таъкид кард, ки кишоварзони вилоят барои афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ талош намуда, барои таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас гузошта истодаанд. Натиҷаи меҳнати кишоварзон ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи маводи ғизоӣ буд, ки имрӯз дар бозорҳои вилоят маҳсулот фаровон аст. Зиëд шудани теъдоди гармхонаву сардхонаҳо ва  сари вақт гузаронидани кишти такрорӣ бошад барои  истеҳсолу захираи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ мусоидат намуд.

Дар зимн ба масъулин дастур дода шуд, ки  назорату танзими нархи маҳсулот боз ҳам беҳтар карда, ба ин васила ба дастрасии мардум бо маҳсулоти ниëзи аввал мусоидат намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share