Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фуруши маҳсулоти кишоварзӣ

( 0 Овоз )

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуд.

Ярмарка -фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, дар он маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди сокинон гардид.

Сокинон маҳсулоти зарурии худро аз қабили орд, гушт, равған, картошка, пиëз, биринҷ, сабзӣ, шакар, нӯшокиҳо ва афшураҳо, себу анор ва ангурро бо нархҳои нисбати бозор арзон харидорӣ намуданд.

Раиси вилоят ба масъулин барои бо нархҳои муқарраршуда ба фурӯш гузоштани маҳсулот ва ташкили чунин ярмаркаҳо дар оянда супоришҳои мушаххас дод.

Ярмарка -фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз оғози сол то имрӯз мунтазам доир гардида, барои таъмини аҳолӣ бо нархҳои нисбатан дастрас мусоидат намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share