Собиқадорони меҳнат аёдат карда шуданд

( 0 Овоз )

30 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, чанде аз собиқадорони арсаи меҳнатро аёдат намуд.

Раиси вилоят аз ҷумла Тӯхтанисо Сангиноваи 78 сола, собиқадори соҳаи кишоварзиро, ки тӯли 56 сол дар хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев фаъолият намудааст, аёдат кард. Аснои суҳбат бо собиқадор Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки фаъолияти пурсамари собиқадорон намунаи ибрат барои ҷавонон буда, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии нафақагирон ва собиқадорони ҷангу меҳнат пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Сипас Раиси вилоят собиқадори соҳаи кишоварзӣ Абдунабӣ Ҳодибоев, собиқадори соҳаи маориф Пулодҷон Бобоҷонов ва оилаи Нориҷон Ғафуроваро аëдат кард.

Ба аëдатшудагон аз ҷониби роҳбари вилоят туҳфаҳои солинавӣ ва маводи ғизоӣ тақдим  карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Share