Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати собиқадорони меҳнат рафт

( 0 Овоз )

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд ба манзили як чанд нафар собиқадорони арсаи меҳнат, аз ҷумла Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Қаҳрамони меҳнат Ҳамроҳ Тоҳирова, собиқадорони соҳаи маориф  Файзинисо Ғафурова ва Рафоат Раҳимова  рафта, онҳоро аёдат намуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пирони рўзгордидаро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдат намуда, зикр дошт, ки собиқадорони меҳнат зери таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат қарор дошта, эшон хазинаи тиллоӣ ва тарбиятгару раҳнамои ҷавонони соҳибистиқлоли мамлакат мебошанд.

Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат,  Ҳамроҳ Тоҳирова ва дигар аёдатшудагон аз ин таваҷҷуҳу самимият болида гардида, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Share