Раиси вилоят дар шаҳри Бӯстон собиқадорони меҳнатро аёдат намуд

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори меҳнат ва  ходими сиёсӣ Оқил Оқиловро аёдат намуд.

Дар аснои аёдат таъкид гардид, ки саҳми Оқил Оқилов дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ назаррас буда, мавсуф солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда, аз ҷумла то замони ба нафақа баромаданаш дар вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурдааст. Зикр карда шуд, ки имрӯз бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат рушд ёфта, кишвари моро дар арсаи ҷаҳон чун мамлакати рӯ ба рушд мешиносанд. Барои таъмини рушди соҳаҳои гуногун хизматҳои шахсиятҳое чун Оқил Оқилов назаррас буда, давлату Ҳукумат меҳнатҳои собиқадоронро ҳамеша қадр мекунад.

Дар охир Оқил Оқилов изҳори сипосмандии худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баён намуд.

Раиси вилоят сипас аз ҳоли собиқадори меҳнат, сокини шаҳри Бӯстон Алла Ғаниева хабар гирифта, ба ӯ кӯмакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share