Зиёда аз 350 нафар рўбандаю покизакорон ва гулпарварон аз кўмакҳои ғизоӣ бархўрдор шуданд

( 0 Овоз )

29 декабр аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои башардўстона ва раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёда аз 350 нафар рўбандаю покизакорон ва гулпарварони маркази вилоят кўмакҳои ғизоӣ тақдим карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо рўбандаю покизакорон ва гулпарварони Сарраёсати ободонии шаҳри Хуҷанд таъкид дошт, ки заҳмати шабонарўзии ҳар як корманди ҷодаи ободонӣ ҳамеша қадршиносӣ мегардад, зеро аз фаъолияти бомаром ва самаровари шумоён тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад. Бахусус дар замони паҳншавии бемориҳои сирооятӣ мо бояд дар ҷодаи ободонию тозагӣ масъулияти бештарро ҳис намоем.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки ҳар гоҳ, ки сокинону меҳмонон аз тамошои дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг, сабзазор ва кӯчаву хиёбонҳои зебо, тозаю озодаи шаҳри бостонии Хуҷанд ба ваҷд меоянд, пеш аз ҳама ба меҳнати шумоён баҳои баланд медиҳанд.

Рўбандаю покизакорон ва гулпарварон, ки аз кўмакҳои ғизоӣ, аз қабили орду равған, макарон, биринҷ, чойи хушк ва ғайраҳо бархўрдор шуданд, миннатдории хешро ба роҳбарияти давлату Ҳукумат барои таваҷҷуҳ изҳор доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Share