Маросими супоридани гувоҳномаҳо ба иштирокчиёни «Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд»

( 1 Овоз )

28 декабр дар толори қабули расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани гувоҳномаҳо ба иштирокчиёни «Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» доир шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ дар ҳузури донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ таъкид кард, ки ҷавонон ҳамчун сарвати миллӣ, нерӯи созанда рамзи ҳастии миллат ва имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, мавқеъ ва рисолати онҳо дар ҳаёти давлативу чамъиятӣ бағоят муҳим аст.

Бо назардошти мақом ва рисолати ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  пайваста ба ҷавонон ғамхорӣ зоҳир менамоянд ва кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки шароити таҳсил ва зиндагии шоистаро фароҳам оваранд. Муҳайё намудани шароити арзандаи таҳсил бо тамоми таҷҳизоти навини технологияи муосир, сохтмони иншоотҳои таълимии замонавӣ, майдончаҳои варзишии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ, муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳо ва лабораторияҳои таълимӣ, таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилоят барои донишчуён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ аз иқдомҳоест, ки имрӯз дар марҳилаи бунёдкорӣ ва созандагиву ободонии кишвар ҷиҳати дастгирии ҷавонон равона гардидааст.

Таъкид гардид, ки тибқи қарори Раиси вилоят «Дар бораи ташкил ва гузаронидани Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» озмуни интихоби донишҷӯён барои иштирок дар Ҳафтаи худидоракунӣ баргузор гардида, аз байни зиёда аз зиёда аз 450 нафар донишҷӯён 39 нафар барои иштирок дар Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд роҳ ёфтанд.

Санаи 20 апрели соли равон донишҷўён бевосита ба иҷрои вазифаҳо дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шурўъ карда, тӯли як ҳафта бо асосҳои хизмати давлатӣ, самтҳои  фаъолияти воҳидҳои сохторӣ  шиносоӣ пайдо намуданд.

Мақсад аз ҷалби донишҷӯён ба идоракунии давлатӣ пеш аз ҳама шинос намудани онҳо бо низоми роҳбарӣ ва андӯхтани донишу малака дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мебошад.

Сипас, Раиси вилоят ба 39 нафар иштирокчиёни Ҳафтаи худидоракунӣ гувоҳномаҳоро тақдим карда, изҳори боварӣ намуд, ки ҷавонон дар замони рушди босуръати илму техника ба азхудкунии технологияи муосир, ташаккули фарҳанги техникии ҷомеа, омӯхтану истифода кардани дастовардҳои илм аҳамияти хоса дода, бо маърифати баланд, кӯшишу талошҳои пайгирона ва эҳсоси баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ дар пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share