Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффоровро аёдат намуд

( 0 Овоз )

26 декабри соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффоровро аёдат кард.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернатро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрик гуфта, ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард.

Таъкид гардид, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла маъюбон пайваста дастгирӣ карда мешаванд ва ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффоров дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст. Дар он 308 нафар кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон суст аз шаҳру ноҳияҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои таҳсилу касбу ҳунаромӯзии хонандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share