Раҷаббой Аҳмадзода ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард

( 0 Овоз )

26 декабри соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳри Бӯстонро аёдат намуд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо тарбиятгирандагони муассисаи иҷтимоӣ онҳоро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2021 табрик намуда, зикр дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ятимону бепарасторон таҳти таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор доранд.

Таъкид карда шуд, ки бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шахсони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва табақаҳои осебпазири ҷомеа мунтазам дастгирӣ ёфта, ба бошандагони муассисаҳо кӯмакҳои иҷтимоӣ расонида мешавад.

Дар вилоят 22 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият мебаранд, ки  шумораи бошандагони он 1857 нафарро ташкил медиҳад. Ба тарбиятгирандагону бошандагони муассисаҳо илова бар кумакҳои иҷтимоӣ дар арафаи идҳо низ кумакҳои моддӣ расонида мешавад. Аз ҷумла дар арафи Соли нави мелодӣ дар ҳамаи муассисаҳои чорабиниҳои идона ташкил шуда, дастархони идона ороста мешавад.

Раиси вилоят ба 80 нафар тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии вилояти Суғд туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда, аз онҳо даъват намуд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share