Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

( 0 Овоз )

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли ихлосу эҳтироми бепоён ва шукру сипосгузорӣ аз сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаатон дар пешрафти Ватани маҳбубамон Шумо - муҳтарам Ҷаноби Олиро бо санаи фирўз ва мубораки умр, таҷлили зодрўзи босаодат аз номи худ ва сокинони сарбаланди вилояти Суғд сидқан табрику муборакбод менамоям.

Боиси ифтихор аст, ки Шумо ҳамчун сиёсатмадори дурбин  бо мавқеи устувор ва матонати беназир на танҳо халқи тоҷикро ба оромию осоиштагӣ расонидед, балки дар суботи тамоми минтақа низ саҳми бузург гузоштед.

Бо таҷлили Рўзи забони давлатӣ тавъам омадани зодрўзи мубораки Шумо баёни посдори таърих ва тамаддуну фарҳанги куҳанбунёди дирўзу имрўзи миллатамон будани Шумо - муҳтарам Пешвои муаззами миллат мебошад.

Мардуми кишвар ва аз он ҷумла вилояти Суғд аз он ифтихор доранд, ки дар саргаҳи ташаккули муваффақонаи давлатдории навинамон маҳз шахсият ва талошҳои Шумо, муҳтарам Ҷаноби Олӣ қарор дошта, ба шарофати иродаи ҷиддӣ ва мавқеъгириҳои устуворонаатон сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, пешравию шукуфоӣ барқарор ва ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол таъмин карда шуд.

Соли ҷорӣ дар рўзҳои таҷлили солгарди санаи ҳумоюни миллат - Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шудани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ баёнгари сиёсати ҷаҳонии муваффақона ва тадбирҳои дурандешонаи Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ ба хотири ояндаи дурахшони Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, бо аҳамияти оламшумули худ дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.

Сокинони кишвари азизамон зери роҳбарӣ ва сиёсати ваҳдатофарини Шумо бо азму ирода ва эътиқоду боварии комил ба фардои дурахшон фаъолият намуда, барои дар сатҳи арзанда пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳарвақта бештар саъю талош меварзанд.

Дар ин рўзи барои миллати тоҷик ва ҳар як сокини мамлакат  хотирмону таърихӣ ба Шумо - Ҷаноби Олӣ сиҳату саломатӣ, умри дароз ва дар амалӣ намудани ниятҳои неки созанда тамоми хушиҳои оламро таманно менамоям.

Ба бахту иқболи давлату миллат ва мардуми кишвари азизамон ҳамеша саломату сарбаланд бошед, муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

    Бо эҳтиром,
    Раиси вилояти  Суғд                                                              Раҷаббой Аҳмадзода

Share