Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои саҳрои ва аз худ кардани заминҳои нав дар ноҳияи Деваштич шинос шуд

( 1 Овоз )

Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кори аз рафти корҳои саҳрои парвариши токзор дар хоҷагиҳои деҳқонии «Сиддиқбобо», «Мелибобо» ва «Шомуродҷон»-и деҳаи Хуштоири Мухлони Ҷамоати деҳоти Яхтан ташриф овард.

Бояд зикр кард деҳқонони Деваштич дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ро сармашқи кори худ қарор дода оиди самаранок истифодабарии замин, руйёндани ҳосили фаровон ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат заминро самаранок истифода мебаранд.

Ба роҳбари вилоят маълумот дода шуд, ки дар минтақа асрҳое аср ягон намуди зироат руёнида намешуд. Замини ғайри кишоварзӣ бо ташббуси кишоварзон ба замини корам табдил дода шуд. Дар масоҳати 20 гектар замин токзор бунёд карда дар он ниҳолҳои токи Суғдиён шинонда шуд. Ҳоло ниҳолҳо нашъу намои хуб доранд. Барои самаранок истифода барии замин ва гирифтани ду се ҳосил дар байни қаторҳо, кишти полези тарбуз ва харбуза ҳамчунин картошка кишт карда шудааст. Ба истифода барии самараноки замин аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баҳои баланд дода шуд. Таъкид гардид, ки таҷрибаи деҳқонони Деваштич ба кишоварзони дигар ноҳияҳои вилоят низ омӯзонда шавад. Зеро ободии ва сарсабзии замин пеш аз ҳама аз меҳнату заҳмати худи деҳқон вобаста аст. Барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки зимни сафар ба ноҳия Деваштич оиди обёри заминҳо ва ба гардиши кишоварзи даровардани замин баён дошта буданд корбари намуда давоми сол зиёда аз 15 чоҳҳои амудӣ ба истифода дода шуд. Дар натиҷа 150 гектар замин аз худ карда шуда дар он токзорҳои муосир боғҳои интенсивӣ дарахти себ бунёд гардиданд.

Аз ҷониби Раиси вилоят кишоварзони пешқадам бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share