Хабарҳо
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин” мукофотпулиҳо супорида шуд - 15.01.2021 16:20
Баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2020 - 15.01.2021 16:19
Дар Корхонаи давлатии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ» 1 миллион гулҳои мавсимӣ парвариш карда мешавад - 15.01.2021 10:56
Дар ноҳияи Ашт 225,7 гектар боғоти нав бунёд карда шуд - 15.01.2021 10:23
Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори хизмати давлатӣ Баҳриддин Ахмедовро аёдат намуд - 15.01.2021 10:02
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии маркази вилоят - 14.01.2021 16:30
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои ободонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 14.01.2021 15:36
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Спитамен - 14.01.2021 15:28
Шиносоӣ бо ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ дар Хуҷанд - 14.01.2021 11:57
Суғд: Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ наздик 6 ҳазор иншооти гуногун ба истифода дода шуд - 14.01.2021 13:14

Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят барои дарёфти грантҳои Раиси вилоят озмун эълон мекунад

( 0 Овоз )

Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори Раиси вилояти Суғд аз 23 апрели соли 2020, №161 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2020» озмун эълон менамояд.

Озмун мутобиқ ба қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2020 гузаронида мешавад.

Грантҳои Раиси вилоят ба шаҳрвандони вилояти Суғд-занҳои ҳунарманд ва эҷодкор аз қабили бофандагон, дӯзандагон, армуғонсозу кулолгарон, чӯбкорону ресандагон, читгарону рассомон, ки лоиҳаҳои таҳия намудаи онҳо ба ҳалли масоили занон ва таъмин намудани онҳо бо ҷойи корӣ тавассути рушди фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат менамояд, ба андозаи зерин ҷудо карда мешавад:

- 15 грант дар ҳаҷми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ;

- 15 грант дар ҳаҷми 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ;

- 30 грант дар ҳаҷми 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ.

Занони ҳунарманд ва эҷодкор метавонанд маълумоти иловагиро оид ба талаботи пешниҳод намудани лоиҳа аз Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо суроғаи шањри Хуҷанд, хиёбони Раҳмон Набиев №45 ва бо телефонии (83422) 4-65-37, 4-68-50 дастрас намоянд.

Лоиҳаҳое, ки ба талаботи озмун ҷавобгӯй нестанд баррасӣ ва баргардонида намешавад.​

Муҳлати пешниҳоди лоиҳаҳо то санаи10 июли соли 2020.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: БАХШҲО Эълонҳо Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят барои дарёфти грантҳои Раиси вилоят озмун эълон мекунад