Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд

( 0 Овоз )

7Даҳаи сеюми моҳи март дар вилояти Суғд Фестивали вилоятии “Атласу адрас” гузаронида мешавад. Фестивали мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, рушди саноати сабук ва мусоидат ба рушди атласу адрасбофӣ ва бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ташкил хоҳад шуд. Фестивал дар ду давр баргузор гардида, даври аввали он дар шаҳру ноҳияҳо ва даври дуюми он дар маркази вилоят сурат гирифта, дар он ҳамаи ҳунармандон, корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, дӯзандагӣ, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои омӯзишӣ, рассомон, тарроҳон ва дӯзандагони алоҳидаи вилоят иштирок карда метавонанд.

Барои дӯхтани либос иштирокчиён бояд аз матоъи атласу адраси миллӣ истифода намоянд. Ғолибон аз рӯи бахшҳои “Беҳтарин либоси кӯдакона”, “Беҳтарин либоси расмӣ”, “Беҳтарин либоси идона” ва “Беҳтарин либоси арӯсию домодӣ” муайян карда мешаванд.

Ба 12 нафар ғолибони озмун аз 2000 сомонӣ то 3000 сомонӣ ва ба барандаи Шоҳҷоиза 5000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share