Қабули маводҳо ба озмуни мақолаи беҳтарин таҳти унвони "Тоҷикистон - минтақаи ҷолиби сайёҳӣ" 1 ноябр оғоз мешавад

( 0 Овоз )

Қабули маводҳо ба озмуни мақолаи беҳтарин таҳти унвони "Тоҷикистон - минтақаи ҷолиби сайёҳӣ" аз 1 ноябр то 1 декабри соли равон сурат мегирад.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, озмуни мазкур бахшида ба "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" миёни донишчӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 12 сентябри соли 2018, № 421 гузаронида мешавад.

Дар асоси низомномаи озмун хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои худро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ эҷод ва пешниҳоди ҳайати ҳакамон намоянд. Ҳангоми таҳияи мақолаҳо меъёрҳои нигориши мақолоти илмӣ бояд риоя карда шуда, маводи пешниҳодшаванда дар ҷое нашр нагардида бошад.

Ғолибони озмун бо димлом ва мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 2500 сомонӣ (ҷойи якум), 1500 сомонӣ (ҷойи дуюм) ва 975 сомонӣ (ҷойи сеюм) сарфароз гардонида мешаванд.

Хоҳишмандон метавонанд барои дарёфти маълумоти иловагӣ ба рақамҳои (83422) 4-68 - 04 ва 4 - 68 - 05 тамос бигиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share