Хабарҳо
Баргузории ярмарка - фуруши маҳсулоти кишоварзӣ - 06.03.2021 15:19
“Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад”-бардошт аз чорабинии идона дар шаҳри Исфара - 05.03.2021 20:44
Дар ноҳияи Ашт Рӯзи Модарро бо шукуҳи хоса ҷашн гирифтанд - 05.03.2021 20:24
Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Модар бо ҳузури Озарахшу Фарзона маҳфили «Ширу шакар» доир шуд - 05.03.2021 16:32
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов мулоқот намуданд - 05.03.2021 16:19
Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани нерӯи таълимии мактаб дар пешгирии ифротгароии хушунатомез» - 05.03.2021 14:51
Истаравшан. Соҳибкор Ҳакимова Рухшона коргоҳи хурди қаннодиро мавриди истифода қарор дод - 05.03.2021 14:48
Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Бӯстон - 05.03.2021 14:42
55,6%-и кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бонувон ташкил медиҳанд - 05.03.2021 14:39
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Ҷумҳурии Туркия сафар мекунанд - 05.03.2021 10:27

Навиди Суғд


Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Бӯстон

( 0 Овоз )

5 март дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон ба ифтихори Рӯзи Модар чорабинии идона доир гардид.

Дар чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода номаи табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори Рӯзи Модарро ба самъи иштирокдорон ва сокинони шаҳри Бӯстон расонид. Гуфта шуд, ки «дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии Модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накўкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст. Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буда, ин рисолат раҳнамои рўзгори бонувони мост. Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занон худогоҳу бомаърифат бошанд».

Сипас, раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода кулли занону бонувони шаҳрро ба муносибати Рӯзи Модар самимона таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандии комил ва хушиҳои умрро таманно намуд.

Роҳбари шаҳр аз дастгириву пуштибонии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занону бонувон ёдовар шуд.

Барномаи рангини аҳли фарҳанги вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

55,6%-и кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бонувон ташкил медиҳанд

( 0 Овоз )

55,6%-и теъдоди умумии ҳайати кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бонувон ташкил медиҳанд. Ин нукта зимни баргузории чорабинии тантанавии идона бахшида ба Рӯзи Модар, ки дар факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷараён гирифт, баён гардид.

Дар ибтидои чорабинӣ муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҳозирин расонид. Таъкид гардид, ки “ҷашни давлатӣ эълон шудани Рўзи Модар гувоҳи равшани мақому манзалати баланди Зан-Модар дар ҷомеа мебошад, зеро чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, нақш ва мақоми зан дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ниҳоят бузург буда, нобиғаҳои олам дар назди зан сари таъзим фуруд оварда, таъкид кардаанд, ки зан офарандаи ҳаёт, эҳёгари зиндагӣ ва илҳомбахши рўзгор мебошад. Маҳз бо ҳалли масъалаи мақоми зан дар ҷомеа мо метавонем бунёди ҷамъияти устувор, боадолат ва ҳаматарафа тараққикардаро орзу намоем”.

Сипас ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода бонвон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳро ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуда, ба онҳо сиҳатмандӣ, сарбаландӣ ва некиҳои ҷаҳонро орзу дошт.

Қайд карда шуд, ки воқеан ҳам, Рӯзи Модар, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бузургдошти модарон эълон гардидааст, ҳамчун рамзи саодат ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос пазироӣ мешавад. Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори мост. Саҳми онҳо хусусан, дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон фаъолият доранд.

Ҷамшед Ҷӯразода зикр намуд, ки феълан аз шумораи умумии кормандони донишгоҳ 783 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда ба 55,6%-и теъдоди умумии ҳайати кормандон баробар мебошад. Аз ҷумла, 8 нафар занон дар вазифаи профессор, 122 нафар номзади илм, дотсент, 143 нафар сармуаллима, 165 нафар муаллима фаъолият доранд.

Илова бар ин, сол аз сол сафи номзадҳои илм дар донишгоҳ афзуда истодаанд, ки аксарият аз ҳисоби занону бонувон мебошад. Чунончи, соли 2020 дар донишгоҳ аз 33 рисолаи номзадии ҳимояшуда 21 адад ё 63 %-и онҳоро занону бонувон ташкил медиҳанд, ки ин аз фаъолнокии занону бонувон ва рушди илм дар донишгоҳ дарак медиҳад.

Айни ҳол дар сатҳи роҳбарияти донишгоҳ аз ҳисоби занон 42 нафар, дар вазифаи декани факултет 7 нафар, муовини декан оид ба таълим, тарбия, илм ва инноватсия ва таҳсилоти фосилавӣ 27 нафар ва мудирони кафедра 39 нафар фаъолияти назаррасу густурда доранд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин рӯз як қатор бонувон ва кормандони донишгоҳ баҳри фаъолияти назарраси меҳнатӣ, хизматҳои арзанда дар рушди таълиму тарбия, корҳои босамари илмӣ-тадқиқотӣ, ҳамзамон ба муносибати Рӯзи Модар бо мукофоти хотиравӣ ва раҳматнома қард гаштанд.

Дар идома, аз тарафи аҳли санъати вилоят, донишҷӯёни факултети санъат ва дастаи созию овозии “Навои ҷавонӣ”-и донишгоҳ барномаи фарҳангиву фароғатӣ манзур гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад

( 0 Овоз )

11 марти соли 2021 дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба тасвиб расид.

Бо қарори мазкур ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифадор шудаанд, ки иди касбии рӯзноманигорон ва коркунони муассисаҳои табъу нашрро дар сатҳи баланд таҷлил намуда, барои дастгирии моддию маънавии нашрияҳои маҳаллӣ, рӯзноманигорон ва кормандони матбааҳо тадбирҳои амалӣ андешанд.

Дар доираи таҷлили Рӯзи матбуот ҳамзамон собиқадорони матбуот аёдат карда шуда, ташкили озмуни вилоятӣ барои дарёфти Ҷоизаи вилоятии журналистон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ, вохӯриву мулоқоти журналистони собиқадор бо навқаламон ва мусобиқа миёни журналистон оид ба шоҳмот ва шашка дар назар дошта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Дар шаҳри Гулистон мусобиқаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор мешавад

( 0 Овоз )

Аз  9  то 19  март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо мақсади омодагии дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон ба мавсими нав сеюмин мусобиқаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор мегардад.

Тибқи иттилои АМИТ Ховар Дар мусобиқаи пешазмавсимӣ, ки дар майдонҳои осоишгоҳи «Баҳористон» ва Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баргузор мегардад, нуҳ дастаи Лигаи олӣ – «Хуҷанд», «Эсхата», «Истаравшан», «Душанбе-83», КМВА, «Кӯктош», «Хатлон», «Равшан» (Кӯлоб), «Файзканд»  ва ҳайати ҷавонони дастаи «Истиқлол» иштирок мекунанд. Тамоми хароҷоти молиявӣ барои иштирок дар мусобиқаи Ҷоми ЛФТ, аз қабили хӯрокӣ ва зист дар осоишгоҳи «Баҳористон» ва Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон, таъмин кардани бозингарони дастаҳо бо витаминҳои зарурӣ, иҷораи майдону толорҳои варзишӣ ва қадрдонии ғолибон аз ҳисоби Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи мамлакат пӯшонида мешавад.

Дар доираи иштирок дар мусобиқаи Ҷоми ЛФТ дастаҳои Лигаи олӣ имконияти баргузории ҷамъомадҳои таълимӣ-тамринии мукаммалро соҳиб мешаванд. Ҳамчунон Лигаи футболи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки якчанд чорабиниву семинарҳо барои бозингарон, мураббиён, роҳбарон ва табибони дастаҳо роҳандозӣ намояд.

Ҷоми ЛФТ аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад. Ғолиби аввали ин мусобиқа  дастаи КМВА аст, соли гузашта дастаи футболи «Истаравшан» дар ин мусобиқаи варзишӣ пирӯзӣ ба даст овард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

12 март иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор мегардад

( 0 Овоз )

12 марти соли 2021 иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор мегардад.Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз 2 марти соли 2021 ба имзо расид.

Ба рӯзномаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум масъалаҳои зерин дохил шудаанд:

- дар бораи тасдиқ намудани ваколати вакилии вакилони навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии ҷудогона;

-оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017, №158 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 — 2022»;

-ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон;

-ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Чилгазӣ», №14 Ҳалимов Абдулмуъмин оид ба иҷрои ваколати вакилӣ;

-оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ;

-дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум аз 13 марти соли 2020;

-тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд