Хабарҳо
Баргузории ярмарка - фуруши маҳсулоти кишоварзӣ - 06.03.2021 15:19
“Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад”-бардошт аз чорабинии идона дар шаҳри Исфара - 05.03.2021 20:44
Дар ноҳияи Ашт Рӯзи Модарро бо шукуҳи хоса ҷашн гирифтанд - 05.03.2021 20:24
Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Модар бо ҳузури Озарахшу Фарзона маҳфили «Ширу шакар» доир шуд - 05.03.2021 16:32
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов мулоқот намуданд - 05.03.2021 16:19
Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани нерӯи таълимии мактаб дар пешгирии ифротгароии хушунатомез» - 05.03.2021 14:51
Истаравшан. Соҳибкор Ҳакимова Рухшона коргоҳи хурди қаннодиро мавриди истифода қарор дод - 05.03.2021 14:48
Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳри Бӯстон - 05.03.2021 14:42
55,6%-и кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бонувон ташкил медиҳанд - 05.03.2021 14:39
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Ҷумҳурии Туркия сафар мекунанд - 05.03.2021 10:27

Навиди Суғд


Намояндагони шаҳри Исфара ғолиби даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Дастархонороӣ» шуданд

( 2 Овоз )

10 феврал дар тарабхонаи «Мирзоҳабиб»-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Дастархонороӣ» баргузор шуд.

Дар даври вилоятии озмун намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ширкат варзида, кадбонуҳо бо пешниҳоди анвои гуногуни таомҳои миллӣ маҳорати пазандагии хешро ба намоиш гузоштанд. Боиси зикр аст, ки ин озмун тибқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 ташкил гардид.

Мувофиқи баҳогузории ҳайати ҳакамон намояндагони шаҳри Исфара дар дастархонороӣ ҳунари беҳтар нишон дода, сазовори ҷойи якум шуданд. Намояндагони шаҳри Бӯстон соҳиби ҷойи дуюм ва кабдонуҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Ба ғолибони озмун мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳаҷми аз 3 то 5 000 сомонӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

«Артиши миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ» — таҳти ин унвон дар Истаравшан маҳфили адабӣ доир шуд

( 0 Овоз )

10 феврали соли 2021 тибқи нақша чорабиниҳои Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар шаҳри Истарвшан маҳфили илмию адабӣ таҳти унвони «Артиши миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.

Дар маҳфили илмию адабӣ намояндаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Қобилҷон Усмонов, муовини раиси шаҳри Истаравшан Нигора Наимҷонзода, роҳбари иттифоқи ҷанговарони байналмилал ва муҳофизони сохти конститутсионӣ дар шаҳри Истаравшан Мирзо Олимов, сарбозон ва волидони онҳо иштирок намуданд.

Нахуст муовини раиси шаҳри Истаравшан Нигора Наимҷонзода суханронӣ намуда, меҳмонон ва иштирокдорони маҳфилро шодбош гуфт ва сипас намояндаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Қобилҷон Усмонов ва роҳбари иттифоқи ҷанговарони байналмилал ва муҳофизони сохти конститутсионӣ дар шаҳри Истаравшан Мирзо Олимов суханронӣ намуда, ҳозиринро ба истиқболи 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуда, аз таърихи таъсисёбии Артиши миллӣ ва нақши афсарону сарбозон дар таъмини амнияти ҷомеа ёдовар шуданд.

Баъди анҷоми суханрониҳо, аз ҷониби сарбозони қаторӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳр шеърҳо дар васфи Ватан – Модар қироат карда шуда, ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр бо саҳнаву сурудҳои дилписанд ба маҳфил шукӯҳи тоза бахшиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Дар ноҳияи Айнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият беш аз 400 иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт

( 0 Овоз )

Дар ноҳияи Айнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз 403 иншооти гуногунтаъинот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Дар ин бора раиси ноҳия Муродзода Муқим рӯзи 10 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Бино ба иттилои раиси ноҳия ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ дар маҷмуъ бунёди 499 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин теъдод 9 адад сохтмони нав ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, 24 адад сохтмони нав ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 14 адад сохтмони нав ва таъмиру азнавсозии китобхона, 25 адад сохтмони нав ва таъмиру азнавсозии қасри фарҳангӣ, клуб, 3 адад сохтмони нав ва бунёди боғи фарҳангу фароғатӣ, 2 адад сохтмони нав ва таъмиру азнавсозии беморхона, 11 адад сохтмони нав ва таъмиру азнавсозии бунгоҳи тиббӣ, 6 адад сохтмони нав ва таъмиру азнавсозии нуқтаи хатнаи кӯдакон, 9 адад сохтмони нав ва таъмиру азнавсозии дорухона, 37 адад сохтмони нав ва таъмиру азнавсозии сартарошхона, 17 адад сохтмони нав ва таъмиру азнавсозии ҳаммом, 17 адад сохтмони нав ва таъмиру азнавсозии кошонаи ҳусн, 8 адад сохтмони нав ва таъмиру азнавсозии маркази савдо, 12 адад сохтмони нав ва таъмиру азнавсозии маркази хизматрасонӣ, 8 адад сохтмони нав ва таъмиру азнавсозии толори варзишӣ, 11 адад сохтмони нав ва таъмиру азнавсозии майдончаи варзишӣ, 2 адад сохтмони нав ва таъмиру азнавсозии майдонча барои бозии кӯдакон, 7 адад сохтмони нав ва таъмиру азнавсозии меҳмонхона барои қабули сайёҳон, 7 адад сохтмони нав ва таъмиру азнавсозии корхонаҳои истеҳсолӣ ва дар умум 270 иншооти гуногун мебошад.

Раиси ноҳия ҳамзамон дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ, фарҳангу маориф ба рӯзноманигорон маълумот дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Раёсати вилоятии ИЖТ барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун эълон менамояд

( 0 Овоз )

Раёсати вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз  9 феврали соли 2021, № 53  «Дар бораи таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик» барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун эълон менамояд.

Ба озмун кормандони васоити ахбори омма, ки узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, камаш 10 соли собиқаи рӯзноманигорӣ доранд, дар расонаҳои хабарии маҳаллӣ фаъолият доранд  ё аз нашрияҳои марказӣ ва хориҷӣ дар вилоят намояндагӣ мекунанд, метавонанд ширкат варзанд. Ба озмун маводи муаллиф (муаллифон), ки дар жанрҳои очерк, публитсистика, мақолаҳои таҳлилӣ ва жанрҳои бадеӣ, ҳамчунин силсилаи ҳикояву ҳаҷвияҳо, ҳазлу мутоибаҳо, ки  дар матбуоти даврии қаламрави вилоят, дар соли 2020-ум, чоп шудаанд, пешниҳод карда шаванд.

Барои иштирок дар озмуни вилоятии журналистон даъвогар (даъвогарон) бояд ба созмони аввалияи журналистӣ бо ариза муроҷиат намояд. Котибони созмонҳои ибтидоӣ баъди баррасии масъала дар маҷлиси созмони аввалияи рўзноманигорон қарори дахлдор қабул карда, ба  созмони журналистони вилоят пешниҳод мекунанд.

Дар ин замина, ҳамчунин  камаш аз 10 маводи беҳтарини муаллиф, ариза ва шарҳи ҳоли мухтасари муаллифи даъвогар, хислатномаи роҳбари нашрия дар бораи фаъолияти эҷодии  даъвогар бояд то 1-уми марти соли 2021, соати 17.00 ба Раёсати созмони вилоятии ИЖ Тоҷикистон (шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 20-ум, бинои "Кохи матбуот", ошёнаи  5-ум) бо ишораи "Ба озмуни вилоятии журналистон" пешниҳод карда шаванд. Аризае, ки баъди ин мўҳлат ворид мегардад, қабул ва баррасӣ намешавад.

Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ дар рўзи таҷлили ҷашни матбуоти тоҷик ба ғолиби озмун супурда мешавад.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо телефонҳои  (92) 909-98-98,  (92)-777-63-29,  (92)-778-16-85,  4-68-05  ва  2-71-13 тамос гирифтан мумкин аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад

( 1 Овоз )

Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” тибқи қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соли равон озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад.

Озмуни мазкур бо мақсади дарёфти истеъдодҳо дар соҳаҳои илму истеҳсолот ва тавсеаи тафаккури техникии насли наврас ташкил гардида, дар самтҳои барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерӣ, металлургия, куҳкорӣ, техникаву технология ва илмҳои табиатшиносӣ доир хоҳад шуд.

Ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯён ва олимони ҷавоне, ки дар озмун пирӯзӣ ба даст меоранд, мукофотҳои пулӣ супорида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд