2 феврали соли 2021 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз шаҳри Хуҷанд оғоз гардид.
Навиди Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд коргоҳҳои нави истеҳсоли равғани зард ва гӯшти парандаро ифтитоҳ намуданд
- 02.02.2021 10:41
- Азназаргузарониҳо: 58
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз гардид
- 02.02.2021 10:25
- Азназаргузарониҳо: 51
2 феврали соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар иди Садаи ниёгон, таъсиси боғҳои нав, мулоқоту суҳбат бо сокинони вилоят, ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба ифтихори иди бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Иштироки Раиси вилоят дар маъракаи ниҳолшиноӣ ва бунёди боғи интенсивӣ
- 01.02.2021 14:20
- Азназаргузарониҳо: 57
Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки замин дар заминҳои ҳудуди Маркази вилоятии солимгардонии бемориҳои шараёну дил боғҳои интенсивӣ бунёд гардида истодааст.
Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав таъсис хоҳад ёфт
- 01.02.2021 12:10
- Азназаргузарониҳо: 81
Дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав таъсис меёбад. Дар ин бора зимни ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ қарор қабул карда шуд.
Тавре аз донишгоҳи мазкур хабар доданд, ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ таҳти раёсати ректори донишгоҳ Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло доир гардида, дар доираи он панҷ масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, дар кори Шӯро масъалаи зарурият ва аҳамияти таъсиси Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав дар назди донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки Маркази мазкур бо дарназардошти рушди устувори расонаҳои хабарӣ, ки бо суръати баланд бар пояи технологияҳои иттилоотӣ амалӣ мешаванд ва дар ин замина халалдор шудани таносуби тарбияю омода кардани кадрҳои ҳирфаии журналистии муосир, камбуди онҳо дар бозори ВАО ва адами мавҷудияти пажӯҳишҳои илмӣ дар соҳаи рӯзноманигории рақамӣ ва расонаҳои нав дар назди донишгоҳ таъсис меёбад.
Гуфта мешавад, ки таъсиси Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав ҷиҳати ташкили маркази илмӣ-таълимӣ, ки ба даъватҳои муосир дар соҳаи журналистика ҷавобгӯй хоҳад буд, заминаи мусоид фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд
Дар деҳаи Қалъаи баланди шаҳри Истаравшан майдончаи нави варзишӣ ба истифода дода шуд
- 01.02.2021 12:09
- Азназаргузарониҳо: 83
31 январи соли ҷорӣ дар деҳаи Қалъаи баланди шаҳри Истаравшан майдончаи нави варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Майдончаи мазкур бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ Ҳайдаров Аҳмадхӯҷа ва Ҳасанов Фирдавс дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар ҷараёни сохтмони он ҳамарӯза аз 8 то 25 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ бо ҷои кори мавсимӣ таъмин гардиданд. Майдончаи варзишӣ бо тарҳи муосир бунёд шуда, мутобиқ ба талабот ва меъёрҳои муқарраргардидаи соҳаи варзиш сохта шудааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур ҷавонону наврасони деҳаҳои Арғу ва Қалъаи баланд имкон пайдо намуданд, ки бо варзиш машғул шуда, дар як вақт мусобиқаҳои сатҳи гуногуни варзиширо доир намоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд