Хабарҳо
"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб - 14.05.2021 17:44
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон суҳбати телефонӣ анҷом доданд - 14.05.2021 10:23
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд - 12.05.2021 19:13
Ба 316 нафар аробачаҳои маъюбӣ супорида шуд - 12.05.2021 11:58
Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди саиди Фитр табрик намуд - 13.05.2021 10:31
Кӯмаки мардуми Мастчоҳ ба сокинони зарардидаи Исфара - 12.05.2021 10:49
Раҷаббой Аҳмадзода Шаҳрванди фахрии Хуҷанд Абдушукур Назаровро бо рўзи милодаш табрик гуфт - 12.05.2021 09:54
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр - 12.05.2021 09:13
Дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон - 12.05.2021 09:10
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд - 12.05.2021 09:05

Навиди Суғд


ДДХ: НАТИҶАГИРӢ АЗ КОНФЕРЕНСИЯҲОИ ИЛМӢ

( 1 Овоз )

21-уми апрел, дар Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҷамъбастии конференсияи илмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавон, магистрантону донишҷӯён бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “20-солаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва техникӣ”, 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва Рӯзи илми тоҷик баргузор гашт.

Дар ибтидо табрикоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи илми тоҷик мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода ба самъи иштирокчиёни чорабинӣ расонид.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода сухан карда, гуфт, ки ҳоло дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 874 омўзгор, аз ҷумла 54 нафар ё 6,2% доктори илм, профессор ва 409 нафар ё 46,7% номзади илм, дотсент фаъолият менамоянд, ки маҷмуъан, 52,9%-и теъдоди умумии омўзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд. Имрӯз дар ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ 201 нафар ё 23% омӯзорони ҷавони то 35 сола фаъолият доранд, ки 53 нафар ё 6,6%-и онҳоро ҷавонони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

Иттилоъ дода шуд,  ки дар маҷмуъ, соли 2020 ва семоҳаи якуми соли 2021 дар донишгоҳ 3 рисолаи докторӣ ва 48 рисолаи номзадӣ бо муваффақият ба дифоъ расиданд. Ҳоло устодон бо 2 рисолаи докторӣ ва 10 рисолаи номзадии дигар ба дифоъ роҳ ёфтаанд, ки ин аз сатҳи омода намудани мутахассисони соҳибунвон ва хидматҳои бузурги олимони донишгоҳамон шаҳодат медиҳад.

Дар донишгоҳ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва Ҳафтаи илм 24 мизи мудаввар, 28 конференсия, 2 конференсияи онлайнӣ, 45 маҳфили илмӣ, 43 семинари илмӣ-назариявӣ, 37 озмун ва чорабиниҳои дигари илмӣ ташкил ва гузаронида шуд. Танҳо дар конференсияҳои донишгоҳӣ 1 754 маърӯзаи илмӣ дар бахшҳои гуногун ироа гардиданд. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки имрўз ба рушди илмҳои муосир тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.

Дар чорабинии мазкур, як қатор устодон, олимони ҷавон, докторантон, магистрантону донишҷӯён баҳри дастовардҳои илмӣ-тадқиқотӣ, натиҷаҳои шоён дар озмуну олимпиадаҳо, ҳамчунин, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидан ва ҷамъбаст намудани конференсияи анъанавӣ қадр гардиданд.

Дар идома барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ манзур гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

АЁДАТИ ОИЛАҲОИ МАЪЮБ ВА НИЁЗМАНД

( 0 Овоз )

Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода  20 апрели соли равон раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба аёдати оилаҳои маъюб ва ниёзманд рафта, ба онҳо аз номи роҳбарият маводҳои озуқаворӣ тақдим намуд.

Зимни аёдат раиси шаҳри Истаравшан аз вазъи саломатӣ ва шароити зисти эҳтиёҷмандон пурсон гардида, таъкид намуд, ки ғамхорӣ ва дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд ва оилаҳои ниёзманд яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода тайи солҳои охир ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани вазъи зиндагии онҳо пайваста тадбирҳои судманд амалӣ карда шуда, ин қишри ҷомеа аз иқдому ташаббусҳои хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша баҳравар мебошанд.

Аёдатшудагон аз ин амали некбинона изҳори хушнудӣ намуда, барои таваҷҷӯҳ ва ғамҳориҳои доимӣ миннатдории самимии хешро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят

( 0 Овоз )

Дар толори маҷлисгоҳи Гимназияи рақами 1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд  ҷаласаи навбатии  ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки сарварони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони зерсохторҳои назди Раёсати маорифи вилоят доир гардид.

Ҷаласаро сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро бо рӯзномаи кории ҷаласа ошно намуд. Мавсуф фаъолияти семоҳаи маорифчиёнро мавриди таҳлил қарор дода, қайд намуд, ки ҷомеаи меҳнатии маорифчиёни вилоят  ҳанӯз таҳти таассуроти баланд аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд қарор дошта, тибқи дастуру ҳидоятҳояшон ҷиҳати истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Дар идомаи кори ҷаласаи мушовара   оид ба санҷиши таъмини иҷрои «Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилоят барои солҳои 2017-2021» ва омӯзиши фанни омодагии дифои ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Мастчоҳ ва Бӯстон,  санҷиши рафти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои  Бӯстон, Мастчоҳ ва Зафаробод, оид ба рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 05.02.2020, №АП-1339 доир ба гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ сармутахассисони  Раёсати маорифи вилоят  Мирҷумъа Бобозода,  Шуҳрат Сатторов ва Абдураҳим Қурбонов гузориш доданд.

Дар бораи фаъолияти созмони хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Конибодом, Деваштич гузориши Фирдавс Ашурматов, директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят шунида шуд.

Корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Васлибек Назриён оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда дар соҳаи маориф  маълумот дод.

Дар хотимаи ҷаласа сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълиму тарбияи насли наврас, тақвияти фаъолият дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сухан ронда, аз масъулин даъват ба амал овард, ки барои афзун намудани дастовардҳо  ҳарчи бештар аз имкониятҳои  мусоид истифода баранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 корхонаи нав бо 60 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард

( 0 Овоз )

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, маҷлиси фаъолон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар се моҳи аввали соли 2021 бо иштироки васеи кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва намояндагони воситаҳои ахбори умум таҳти раёсати Раиси ноҳия Зафарбек Давлатзода баргузор гардид.

Дар он як масъала: «Натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар се моҳи аввали соли 2021» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯи ин масъала муовини аввали Раиси ноҳия Орифӣ Фаррух Абдуллозода гузориши муфассал дод.

Зимни баромад таъкид сохт, ки ҳаллу фасли масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳамеша дар мадди назари давлату ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, сарпарастию ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон водор месозад, ки масъулини соҳаҳо дар якҷоягӣ барои бештару хубтар роҳандозӣ намудани фаъолият кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Дар се моҳи аввали соли 2021 нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ 100,0 фоиз иҷро гардида, ба буҷет зиёда аз 74,1 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид. Нақшаи воридоти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ бошад 118,9 фоиз иҷро гардида, дар маҷмӯъ хазинаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо 23,8 млн.сомонӣ маблағ таъмин шуд.

Зимни баррасии соҳаи кишоварзӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 24580 гектар кишти баҳорона пешбинӣ гардида, то имрӯз дар бахши кишоварзӣ дар майдони 6180 гектар аз ҷумла, ғалладонагиҳо 3456 гектар, сабзавот 1098 гектар, картошка 480 гектар кишт карда шуданд. Айни ҳол дар хоҷагиҳои кишоварзии ҳудуди ноҳия кишти пахта оғоз гардида, соли ҷорӣ он дар майдони 8600 гектар пешбинӣ шудааст ва то имрӯз дар майдони 2615 гектар замин кишти пунбадона гузаронида шудааст.

Масъалаи таъмин намудани суръати афзоиш ва ба маҷрои муайян даровардани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар маркази таваҷҷӯҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Зимни баррасии фаъолияти соҳаи саноат зикр гардид, ки дар соли 2021 аз ҳисоби корхонаҳои хурду миёна 12 адад корхонаҳои саноатӣ пешбини шуда, дар ин давра 5 корхонаи нави хурду миёнаи истеҳсолӣ таъсис дода шуд, ки дар натиҷа 60 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар идомаи маҷлиси фаъолон масъалаҳои истифодаи нерӯи барқ дар ташкилоту муассисаҳо ва аҳолии ноҳия, самти нақлиёт, муҳоҷирати меҳнатӣ, ободонӣ, иҷрои нақшаи андоз ва тамоми самтҳои иҷтимоиёт мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтанд.

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияро мавриди муҳокима қарор дода, рушди ҳар як соҳаро аз иҷрои босифату саривақтии нақшаву супоришҳои пешбинигардида вобаста донист. Ва ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо масъулинро муваззаф сохт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ

( 0 Овоз )

Дар заминаи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити атроф бо истифода аз рӯзҳои истироҳатӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ кормандони Хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан фаъолона ширкат варзиданд, ки аз ҷониби масъулин зиёда аз 2000 бех ниҳолҳои ороишии "Сада" шинонида шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Истаравшан шинонидани дарахтони ороишӣ бомаром идома дошта, барои сарсабзу хуррам гардонидани кӯчаву хиёбонҳо, канори роҳҳои асосӣ ва саҳни ташкилоту идораҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд