Хабарҳо
Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров азнавсозӣ карда мешавад - 03.03.2021 16:42
Шиносоии Раиси вилоят бо корҳои азнавсозии Қалъаи Хуҷанд - 03.03.2021 15:55
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим иштирок намуданд - 03.03.2021 15:22
12 март иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор мегардад - 03.03.2021 14:32
Баргузории конфронси илмӣ-адабӣ дар мавзуи "Дастовардҳои занон дар даврони Истиқлолият" - 03.03.2021 12:54
ВАТАНДОРӢ БА ГУФТОР АСТ Ё КИРДОР?… - 02.03.2021 20:04
Бахшида ба Рӯзи Модар озмуни вилоятии «Суруди модар - Алла» доир гардид - 02.03.2021 15:43
Эълони озмуни грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон - 02.03.2021 13:43
Бӯстон. Ба хатмкунандагони курси омӯзишии "Мактаби сарварони ҷавон" гувоҳномаҳо супорида шуд - 02.03.2021 13:40
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара - 02.03.2021 09:57

Навиди Суғд


Панҷакент. Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид

( 0 Овоз )

Бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент бо иштироки роҳбарони  мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони шаҳру деҳот ва афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ чорабинӣ доир шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, дар чорабинии идона иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода санаи фархундаро ба ҳомиёни Ватан сидқан муборакбод гуфт. Қайд гардид, ки ҳар сол санаи 23 феврал мардуми шарафманди Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент, Рӯзи Артиши миллиро бо ифтихор аз соҳибистиқлолию якпорчагии Ватани азизу маҳбубамон таҷлил менамоянд.

Таъкид карда шуд, ки 28 сол муқаддам, санаи 23 феврали соли 1993 бо иқдом ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, рисолати худ - дифои истиқлол, таъмини амнияти марзу буми кишвар ва ҳаёти осоиштаи мардуми шарафманди Тоҷикистонро сарбаландона иҷро намуда истодааст.

Дар охир як қатор фаъолони сохторҳои қудративу низомӣ бо туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Баргузории мизи мудаввар таҳти унвони "Хизмат ба Ватан қарзи ҷавонмардист"

( 0 Овоз )

Дирӯз дар толори Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон мизи мудаввар таҳти унвони "Хизмат ба Ватан қарзи ҷавонмардист" баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати  кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Замира Мансур, Раиси Шӯрои олимони ҷавони вилоят Саидзода Шӯҳрат ва олимони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят иштирок ва суханронӣ намуданд.

Замира Мансурӣ дар баромади худ иброз намуд, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Дар мактабҳои миёна зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонд. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донад.

-Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа ниҳоят дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Дар шуури бачаҳо бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин вазифаи падару модарон, ҷомеа ва омӯзгорон мебошад. Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо тамоми қисму воҳидҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои техникаву лавозимотҳои муосири ҳарбӣ, синфхонаҳои таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ, машқгоҳҳои баргузории тамринҳои тактикӣ, аз ҷумла тактикии зиддитеррористӣ буда, тамоми шароитҳои муосир ва замонавӣ барои сарбозону афсарон муҳайё карда шуда, беҳтарин кормандону мутахассисони соҳибкасб бо онҳо дар мавзӯи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тайёрии ҷангӣ, омӯхтани касбу ҳунар ва ғайра машғулият мегузаронанд. Муҳайё гардидани чунин шароитҳои хуби хизматӣ аз ҳар афсару сарбоз тақозо менамояд, ки хизматро баҳри ободӣ ва тинҷию амонии кишвар сидқан ба ҷо оварда, он вазифаҳое, ки дар наздашон гузошта мешавад, бо сари баланд иҷро намоянд,- зикр шуд дар мизи мудаввар.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Баргузории ҷамъомади идона бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конибодом

( 0 Овоз )

22 феврали соли равон дар қасри фарҳанги шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии идона сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ, ҳайати шахсии комиссариати ҳарбӣ, кормандони мақомоти қудратӣ,  собиқадорони вазорати дифоъ, ҷанговарони байналмилал, иштирокдорони барқароркунии сохти конститутсионӣ, садамаи Чернобил, намояндагони ҷамоатҳои деҳот, ташкилоту муассисаҳои шаҳр ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.

Дар чорабинии тантанавӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода иштирок намуда, сарбозону афсаронро бо санаи фархундаву шукӯҳманд – солгарди навбатии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт.

Сипас, барои хизмати содиқонаву босамар, саҳми арзанда дар самти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлату ҷомеа, тарбияи насли ҷавону наврас дар руҳияи ватандӯстиву садоқатмандӣ ва ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолон ва хизматчиёни ҳарбӣ бо медалҳои ҷашнӣ, ифтихорномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тӯҳфаҳо ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва комиссариати ҳарбии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

Барномаи рангини консертии санъаткорони шаҳр ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Таҷлили 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан

( 1 Овоз )

Ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, дар чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, афсарону сарбозон ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ширкат варзиданд.

Адҳам Маъмурзода зимни суханронӣ худ собиқадорон ва афсарону сарбозони шуҷоъи Ватанро бо ин санаи фархунда таҳният намуд. Зикр гардид, ки имруз мардуми шарафманди Тоҷикистон 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба як нерӯи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфтааст, ҷашн мегиранд. Тӯли 28 сол афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро дар назди Ватан-модар адо намуда истодаанд.

Дар интиҳо баҳри болидахотирии афсарону сарбозон аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр консерти идона пешкаш гардида, чорабинии тантанавӣ бо суруду таронаҳои Ватан - модар ҷамъбаст гардид. 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Ҳисобот оид ба таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети маҳаллии вилояти Суғд дар соли 2020

( 0 Овоз )

Мувофиқи маълумоти омори давлатӣ дар ҷамъбасти соли 2020-ум ҳаҷми нишондиҳандаи кўтоҳмуддати рушди минтақа дар вилояти Суғд ба 21621,8 млн. сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 104,5 фоиз ва саҳми он дар Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 26,2 фоизро ташкил дод.

Рушди нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17,4 фоиз, кишоварзӣ 10,5 фоиз ва ба истифодадиҳии фондҳои асосӣ 34,2 фоиз таъмин гардид.

Сарфи назар аз афзоиши нишондиҳандаҳои зикршуда, суръати рушд дар баъзе соҳаҳои иқтисодиёти вилоят нисбат ба соли қаблӣ коҳиш ёфт. Аз ҷумла, дар ин давра гардиши савдои чакана ҳамагӣ 95,3 фоиз, ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 87,5 фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 81,6 фоиз (аз ҷумла содирот-75,1 фоиз ва воридот-83,6 фоиз) ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ҳамагӣ 74,3 фоизи соли 2019-умро ташкил дод.

Пастравии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои алоҳида, тадбирҳои зарурии пешгирӣ ва паҳншавии пандемияи сирояти COVID-19 ба сифатнокии иҷрои нақшаи даромади буҷет дар соли 2020-ум таъсири манфӣ расонданд.

Дар марҳилаи ҳисоботӣ коҳишёбии манбаъҳои андозбандӣ аз ҳисоби корхонаҳои калони саноатӣ, соҳаҳои хизматрасонӣ, сохтмон ва махсусан саноати истихроҷ, аз ҷониби як қатор корхонаҳо пурра ва сари вақт ба буҷет напардохтани маблағи андозҳои ҳисобшуда, вазъи иҷрои нақшаи даромади буҷети вилоятро мураккаб гардонданд.

Инчунин, бо мақсади пешгирии таъсири паёмадҳои бемории нави сироятӣ ва дастгирии фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар кишвар, бо иқдоми Пешвои муаззами миллат соҳаҳои алоҳидаи фаъолият аз ҳисоб ва пардохти андозҳо дар давраи муайян озод карда, барои гурўҳи дигари андозсупорандагон меъёри андоз кам ва таътили андозӣ пешниҳод гардид.

Назар ба маълумоти оморӣ дар соли 2020-ум корхонаҳои саноатии вилоят якҷо бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 15,4 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли сипарӣ, бо назардошти индекси нархҳо ба 117,4 фоиз баробар аст.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” ва қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо нақшаи даромади умумии буҷети вилоят бознигарӣ карда, нақшаи қисми даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллии вилоят кам карда шуд.

Дар ҷамъбасти соли 2020-ум нақшаи аниқшудаи даромади буҷет аз рўи контингенти андозҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 102,9 фоиз иҷро гардида, ба буҷети давлатӣ 2451,5 млн. сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нақша 68,5 млн. сомонӣ ва нисбати соли 2019-ум 31,2 млн. сомонӣ (1,3 фоиз) зиёд мебошад.

Дар марҳилаи ҳисоботӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ҳиссаҷудокунӣ аз андоз ва даромадҳои умумидавлатӣ ба маблағи умумии 611,9 млн. сомонӣ гузаронида шуд, ки ин нисбат ба нақшаи аниқшуда 12,3 фоиз ё 66,8 млн. сомонӣ ва нисбати соли қаблӣ 23,4 фоиз ё 116,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамзамон, иҷрои нақшаи даромадҳо ба буҷети маҳаллӣ дар ин давра ба андозаи 100,1 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 1837,9 млн. сомонии нақшавӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ 1839,7 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи аниқшуда 1,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳарчанд бо мақсади дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба кам кардани бақияи қарзи андозҳо ва воридоти маблағҳо ба буҷети давлатӣ давоми соли сипарӣ аз ҷониби нозироти андоз дар шаҳру ноҳияҳо силсилаи тадбирҳо андешида, маблағи бақияи қарзи андозҳо нисбати аввали соли 2020 ба андозаи 3,4 млн. сомонӣ кам карда шуд, дар ин давра маблағи бақияпулиҳо дар корхонаҳои тобеи Нозироти андозсупорандагони калони вилоят ба маблағи 29,9 млн. сомонӣ афзуда, дар ҳолати 1 январи соли 2021 ҳаҷми умумии бақияи қарзи андоз дар вилоят ба 131,8 млн. сомонӣ баробар гардид.

Маблағи асосии бақияпулиҳоро бақияи қарзи андози иҷтимоӣ ба маблағи 33,7 млн. сомонӣ (25,6 фоизи маблағи умумии бақияпулиҳо), андоз аз фоида 29,8 млн. сомонӣ (22,6 фоиз), андоз аз арзиши иловашуда 17,0 млн. сомонӣ (12,9 фоиз), дигар пардохтҳои ҳатмии ҷумҳуриявӣ 11,7 млн. сомонӣ (8,9 фоиз), низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (андози ягона) 9,8 млн. сомонӣ (7,4 фоиз) ва ғайра ташкил медиҳанд.

Ҳаҷми зиёди маблағи бақияпулиҳо ба Нозироти андозсупорандагони калони вилоят 50,2 млн. сомонӣ (38,1 фоизи маблағи умумии бақияпулиҳо) ва ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 10,4 млн. сомонӣ (12,7 фоизи маблағи умумии бақияпулиҳо), Исфара 9,6 млн. сомонӣ (11,8 фоиз), Истаравшан 9,3 млн. сомонӣ (11,4 фоиз), Зафаробод 9,1 млн. сомонӣ (11,2 фоиз), Мастчоҳ 8,8 млн. сомонӣ (10,8 фоиз), Бобоҷон Ғафуров 7,7 млн. сомонӣ (9,4 фоиз), Панҷакент 7,1 млн. сомонӣ (8,7 фоиз) ва боқимонда ба дигар шаҳру ноҳияҳо рост меояд.

Дар соли ҳисоботӣ дар вилоят иҷрои нақшаи воридоти буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаи нақшавии даромади буҷет, ба истиснои андоз аз фоида (85,0 фоиз) пурраю барзиёд таъмин гардид.

Баробари ин, дар ин давра дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба иҷрои сифатноки қисми даромади буҷети маҳаллӣ аҳамияти зарурӣ дода нашуда, дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент 7 намуди даромад, Ҷаббор Расулов 5 намуд, Спитамен 4 намуд, Бўстон ва Мастчоҳ 3 намуд, Ашт, Конибодом ва Хуҷанд 2 намуд, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Деваштич, Зафаробод, Истаравшан, Истиқлол, Исфара ва Шаҳристон 1 намуди даромад иҷро нагардид, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷетҳои маҳаллӣ 105,3 млн. сомонӣ ворид нашуд.

Дар марҳилаи сипарӣ ба суратҳисобҳои ягонаи хазинадорӣ оид ба маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷети маҳаллӣ дар маҷмўъ 164,1 млн. сомонӣ ворид ва 153,7 млн. сомонӣ хароҷот гардид. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз рўи меъёрҳои муқаррарӣ ба даромади буҷетҳои маҳаллӣ ҳамагӣ 9,7 млн. сомонӣ ворид карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети маҳаллии вилоят аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бо роҳи ҳисоббаробаркунии байнибуҷетӣ барои пардохти кўмакпулии давлатӣ ба кўдакони маъюби то синни 16-сола, ки мубталои вируси норасоии масъунияти одам мебошанд 463,0 ҳазор сомонӣ ва барои пардохти иловапулӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ 8905,5 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 9368,5 ҳазор сомонӣ ворид гардида, мувофиқи мақсад ба харҷ дода шуд.

Мувофиқи ҳисоби пешакӣ иҷрои нақшаи аниқшудаи қисми хароҷоти буҷети вилоят дар соли 2020-ум ба андозаи 98,2 фоиз таъмин ва ба иҷтимоиёту иқтисодиёти вилоят 1875,9 млн. сомонӣ равона гардид, ки нисбати нақша 35,0 млн. сомонӣ ва нисбат ба хароҷоти амалии соли қаблӣ 13,4 млн. сомонӣ ё 0,7 фоиз кам мебошад.

Аз ҷумла, иҷрои нақшаи қисми хароҷоти буҷети вилоятӣ дар ин давра 94,7 фоиз ва маблағи 423,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбати нақшаи аниқшуда 23,7 млн. сомонӣ ва нисбати соли қаблӣ 65,9 млн. сомонӣ кам мебошад.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии 18 шаҳру ноҳияи вилоят дар соли 2020-ум 99,2 фоиз иҷро гардида, дар ҳаҷми 1452,4 млн. сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст, ки нисбати нақшаи аниқшуда 11,3 млн. сомонӣ кам ва нисбат ба  соли 2019-ум 52,6 млн. сомонӣ ё 3,8 фоиз зиёд мебошад.

Дар маблағгузории буҷетҳои маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ низ чун ҳарвақта афзалият ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ - маориф, нигоҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш нигаронида, дар маҷмўъ ба соҳаҳои зикршуда дар соли 2020-ум 1508,8 млн. сомонӣ равона гардид, ки баробари 80,4 фоизи ҷамъи хароҷоти гузаронидаи буҷетҳои маҳаллӣ мебошад. Дар соли ҳисоботӣ маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ нисбат ба соли қаблӣ ба андозаи 1,7 фоиз ва ба маблағи 25,3 млн. сомонӣ афзуд.

Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби буҷети вилоят ба соҳаи маориф 880,8 млн. сомонӣ равона гардид, ки 99,4 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақша 5,2 млн. сомонӣ кам мебошад. Баробари ин, бояд қайд кард, ки маблағгузории буҷетӣ ба соҳаи маориф нисбат ба соли қаблӣ 13,4 млн. сомонӣ ё 1,6 фоиз зиёд гардида, хароҷоти соҳа дар хароҷоти умумии буҷети вилоят ба 47,0 фоиз баробар гардид.

Барои маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар соли 2020-ум 491,5 млн. сомонӣ равона гардид, ки 99,3 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақша 3,3 млн. сомонӣ кам ва нисбат ба соли 2019-ум 40,0 млн. сомонӣ ё 8,9 фоиз зиёд мебошад. Дар соли ҳисоботӣ ҳиссаи хароҷоти соҳаи тандурустии вилоят дар хароҷоти амалии буҷетҳои маҳаллӣ 26,2 фоизро ташкил дод.

Дар давраи ҳисоботӣ аз буҷетҳои маҳаллӣ барои маблағгузории соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 21,7 млн. сомонӣ ба харҷ дода шуд, ки ин ба 99,0 фоизи нақша баробар мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ маблағгузориҳо бо назардошти хароҷоти сохтмони асосӣ ба соҳаҳои ҳокимият ва идораи давлатӣ 78,3 млн. сомонӣ ё 98,5 фоизи нақша, хоҷагии манзилию коммуналӣ 161,8 млн. сомонӣ ё 97,0 фоиз, фарҳанг ва варзиш 114,8 млн. сомонӣ ё 99,3 фоиз, кишоварзӣ 12,2 млн. сомонӣ ё 97,9 фоиз, саноат ва сохтмон 0,3 млн. сомонӣ ё 100,0 фоиз, нақлиёт ва коммуникатсия 46,7 млн. сомонӣ ё 73,6 фоиз ва хароҷотҳои ғайра 2,3 млн. сомонӣ ё 58,4 фоизи нақшаро ташкил дод.

Дар таркиби хароҷоти буҷети вилоят дар соли 2020 ҳиссаи хароҷот барои музди меҳнат 54,3 фоиз (1018,5 млн. сомонӣ), маблағҷудокунӣ барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 13,4 фоиз (252,0 млн. сомонӣ), пардохти ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ ва алоқа 2,0 фоиз (37,8 млн. сомонӣ), идрорпулӣ, нафақа, кўмакпулӣ ва ҷубропулиҳо 1,0 фоиз (17,9 млн. сомонӣ), ҷамъ хароҷоти моддаҳои ҳимояшаванда 70,7 фоиз (1326,2 млн. сомонӣ)-ро ташкил дод.

Дар соли ҳисоботӣ бо мақсади таъмини саривақтии маблағгузории музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва пешгирӣ кардани пайдоиши қарздориҳо тадбирҳои мушаххас андешида, дар ҳолати 1 январи соли 2021-ум музди меҳнат ва маблағҷудокунӣ барои эҳтиёҷоти иҷтимоии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ пурра маблағгузорӣ гардида, аз ҳисоби пардохтҳои зикршуда қарздорӣ ё қафомонӣ вуҷуд надорад.

Дар соли 2020 аз буҷети вилоятӣ ба шаҳру ноҳияҳое, ки даромадашон хароҷоти ҷории буҷети маҳаллиро намепўшонад, ба маблағи умумии 237,1 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳои Ашт 51,3 млн. сомонӣ, Деваштич 59,6 млн. сомонӣ, Зафаробод 12,8 млн. сомонӣ, Истиқлол 1,5 млн. сомонӣ, Исфара 30,7 млн. сомонӣ, Конибодом 24,5 млн. сомонӣ, Кўҳистони Мастчоҳ 19,7 млн. сомонӣ, Спитамен 9,5 млн. сомонӣ, Ҷаббор Расулов 8,5 млн. сомонӣ ва Шаҳристон 19,0 млн. сомонӣ субвенсия ҷудо гардид, ки 99,3 фоизи нақшаи тасдиқшуда ва 16,3 фоизи хароҷоти ҳақиқии буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоятро дар бар мегирад.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоятӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят барои тадбирҳои гуногуни соҳаҳои буҷетӣ бо роҳи ҳисоббаробаркунии байнибуҷетӣ 6,7 млн. сомонӣ ва қарзи байнибуҷетӣ барои пардохти саривақтии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ 23,9 млн. сомонӣ равона гардид.

Давоми соли 2020-ум аз ҷониби шуъбаи аудити дохилӣ ва назорати Сарраёсати молия дар вилояти Суғд дар 454 ташкилоту муассиса санҷишу таҳлилҳо гузаронида, ба маблағи умумии 7173,3 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд. Аз маблағи зарари молиявии ошкоршуда 3033,0 ҳазор сомонӣ (42,3 фоиз), аз ҷумла ба буҷет 2495,3 ҳазор сомонӣ ва ба фоидаи корхонаҳо 537,7 ҳазор сомонӣ барқарор гардид.

Ғайр аз ин, дар рафти санҷишҳои аудиторӣ камбудӣ ва норасоиҳое, ки ба зарари молиявӣ дохил намешаванд, ба маблағи умумии 3021,8 ҳазор сомонӣ ошкор гардида, аз ин ҳисоб 2984,7 ҳазор сомонӣ (98,8 фоиз), аз ҷумла ба буҷет 268,1 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд. Ҳамзамон, давоми соли ҳисоботӣ 93 маводи аудиторӣ, ба маблағи умумии 4710,5 ҳазор сомонӣ, ҷиҳати баррасии минбаъда ва қабули қарори дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд. 

Хадамоти матбуоти Сарраёсати
молия дар вилояти Суғд

 

ШУМО ДАР: Навиди Суғд