Хабарҳо
Бахшида ба Рӯзи Модар озмуни вилоятии «Суруди модар - Алла» доир гардид - 02.03.2021 15:43
Эълони озмуни грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон - 02.03.2021 13:43
Бӯстон. Ба хатмкунандагони курси омӯзишии "Мактаби сарварони ҷавон" гувоҳномаҳо супорида шуд - 02.03.2021 13:40
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара - 02.03.2021 09:57
«КАБИРӢ АЗ ҶОНИБИ ХАДАМОТИ МАХСУСИ ХОРИҶӢ ИСТИХДОМ ШУДААСТ». Коршинос, рӯзноманигор, таърихшинос, директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ Абдуқодир Талбаков иброз дошт, ки барои чӣ наҳзатситез аст - 01.03.2021 15:27
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Вулуси ҷиргаи (Маҷлиси намояндагони) Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро ба ҳузур пазируфтанд - 01.03.2021 15:20
Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 26.02.2021 21:15
50 толибилми Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ба даври финалии Олимпиадаи байналмилалӣ "IMAC - online" роҳхат гирифтанд - 01.03.2021 10:08
Дар Конибодом ба бунёди боғи нави зардолу оғоз бахшида шуд - 26.02.2021 17:26
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Конибодом - 26.02.2021 17:02

Навиди Суғд


Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар дидбонгоҳи сарҳадии «Исрофилобод» чорабинӣ доир шуд

( 0 Овоз )

23 феврал дар қисми ҳарбии 0203-и дидбонгоҳи сарҳадии «Исрофилобод»-и ноҳияи Айнӣ бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Дар ҷамъомад роҳбарияти ноҳия, роҳбарони мақомотҳои қудратӣ, кормандони идораю ташкилотҳо ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.

Нахуст, раиси ноҳия Муқим Муродзода афсарони қисми низомиро бо Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, бо ёдоварӣ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки “бо шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан дар кишвари азизамон ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд”.

Муқим Муродзода хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба ифтихори бисту ҳаштумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, орзу намуд, ки Артиши миллии мо боз ҳам пурзӯртару нерӯмандтар гардад ва амнияту осоиштагии давлати тоҷикон то абад устувору поянда бошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт

( 0 Овоз )

23 феврали соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт чорабинии идона доир гардид.

Чуноне аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, дар чорабинӣ раиси ноҳия Зариф Мирдадо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон, вакилони маҷлисҳои мақомотҳои маҳаллӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ, ҷанговарони байналмиллал иштирок намуданд.

Раиси ноҳия афсарону сарбозонро ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт ва барои онҳо саодати рӯзгорро таманно намуд.

-Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон меваи даврони соҳибистиқлолист аст, ки бо талошҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи ҳастӣ намуда, оромиву осоиши меҳанро таъмин менамоянд, — зикр шуд дар чорабинӣ.

Дар вазъияти тантанавӣ ба роҳбарони сохторҳои ҳарбӣ ва ба як қатор сарбозон Сипоснома ва туҳфаҳои раиси ноҳия, Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссириати ҳарбии ноҳия супорида шуд. Ҳамзамон ба оилаи сарбозони ҳалокшуда маблағи яквақтаинаи пулӣ тақдим гардид.

Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Панҷакент. Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид

( 0 Овоз )

Бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент бо иштироки роҳбарони  мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони шаҳру деҳот ва афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ чорабинӣ доир шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, дар чорабинии идона иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода санаи фархундаро ба ҳомиёни Ватан сидқан муборакбод гуфт. Қайд гардид, ки ҳар сол санаи 23 феврал мардуми шарафманди Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент, Рӯзи Артиши миллиро бо ифтихор аз соҳибистиқлолию якпорчагии Ватани азизу маҳбубамон таҷлил менамоянд.

Таъкид карда шуд, ки 28 сол муқаддам, санаи 23 феврали соли 1993 бо иқдом ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, рисолати худ - дифои истиқлол, таъмини амнияти марзу буми кишвар ва ҳаёти осоиштаи мардуми шарафманди Тоҷикистонро сарбаландона иҷро намуда истодааст.

Дар охир як қатор фаъолони сохторҳои қудративу низомӣ бо туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Баргузории мизи мудаввар таҳти унвони "Хизмат ба Ватан қарзи ҷавонмардист"

( 0 Овоз )

Дирӯз дар толори Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон мизи мудаввар таҳти унвони "Хизмат ба Ватан қарзи ҷавонмардист" баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати  кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Замира Мансур, Раиси Шӯрои олимони ҷавони вилоят Саидзода Шӯҳрат ва олимони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят иштирок ва суханронӣ намуданд.

Замира Мансурӣ дар баромади худ иброз намуд, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Дар мактабҳои миёна зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонд. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донад.

-Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа ниҳоят дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Дар шуури бачаҳо бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин вазифаи падару модарон, ҷомеа ва омӯзгорон мебошад. Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо тамоми қисму воҳидҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои техникаву лавозимотҳои муосири ҳарбӣ, синфхонаҳои таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ, машқгоҳҳои баргузории тамринҳои тактикӣ, аз ҷумла тактикии зиддитеррористӣ буда, тамоми шароитҳои муосир ва замонавӣ барои сарбозону афсарон муҳайё карда шуда, беҳтарин кормандону мутахассисони соҳибкасб бо онҳо дар мавзӯи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тайёрии ҷангӣ, омӯхтани касбу ҳунар ва ғайра машғулият мегузаронанд. Муҳайё гардидани чунин шароитҳои хуби хизматӣ аз ҳар афсару сарбоз тақозо менамояд, ки хизматро баҳри ободӣ ва тинҷию амонии кишвар сидқан ба ҷо оварда, он вазифаҳое, ки дар наздашон гузошта мешавад, бо сари баланд иҷро намоянд,- зикр шуд дар мизи мудаввар.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Баргузории ҷамъомади идона бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конибодом

( 0 Овоз )

22 феврали соли равон дар қасри фарҳанги шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии идона сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ, ҳайати шахсии комиссариати ҳарбӣ, кормандони мақомоти қудратӣ,  собиқадорони вазорати дифоъ, ҷанговарони байналмилал, иштирокдорони барқароркунии сохти конститутсионӣ, садамаи Чернобил, намояндагони ҷамоатҳои деҳот, ташкилоту муассисаҳои шаҳр ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.

Дар чорабинии тантанавӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода иштирок намуда, сарбозону афсаронро бо санаи фархундаву шукӯҳманд – солгарди навбатии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт.

Сипас, барои хизмати содиқонаву босамар, саҳми арзанда дар самти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлату ҷомеа, тарбияи насли ҷавону наврас дар руҳияи ватандӯстиву садоқатмандӣ ва ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолон ва хизматчиёни ҳарбӣ бо медалҳои ҷашнӣ, ифтихорномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тӯҳфаҳо ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва комиссариати ҳарбии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

Барномаи рангини консертии санъаткорони шаҳр ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд