Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки бо назардошти сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд ҳаракати нақлиёт ба тартиби зер маҳдуд карда мешавад:
7 апрел кучаҳои ба номи Н.Ҳувайдуллоев, Б.Ғафуров, Сомониён ва Гагарини шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи Ғафуров — Хуҷанд, кучаҳои ба номи И.Сомонӣ ва Гагарини шаҳри Хуҷанд, кучаҳои ба номи Ф.Ахмедов, М. Авезова ва Ӯрунхоҷаеви ҷамоатҳои Ҳайдар Усмон ва Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кучаҳои марказии шаҳри Гулистон;
8 апрел роҳи автомобилгарди Истаравшан-Зафаробод то деҳаи Яккатол, роҳи Истаравшан-Хуҷанд то плазаи толлингии шаҳри Истаравшан, роҳи Душанбе-Хуҷанд, ҳудуди Ҷамоати деҳоти Зарҳалол(соҳибони автомобилҳои хурди мусофиркаш метавонанд ҳаракати худро тариқи роҳи марказии ноҳияи Деваштич идома диҳанд);
9 апрел кучаҳои марказии шаҳраки Шӯроб, кучаҳои марказии Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара;
10 апрел кучаҳои марказии шаҳри Гулистон, шоҳроҳи Ғафуров-Хуҷанд, кучаҳои Гагарин, Сирдарё, И.Сомонӣ, Р.Ҳоҷиев то баромадгоҳи маҳаллаи Сартӯқай, кӯчаҳои марказии шаҳрҳои Гулистону Бӯстон.
Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракат дар мавзеъҳои зикршуда ҳаракати худро тариқи кучаҳои ҳамшафат идома диҳанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд