Хабарҳо
Миёни минтақаҳои вилоятҳои Суғд ва Фарғона меморандуми ҳамкорӣ имзо шуд - 22.04.2021 19:05
Мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Ботканд - 22.04.2021 17:19
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф овард - 22.04.2021 11:24
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2021 - 20.04.2021 18:12
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк - 20.04.2021 14:09
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 5 корхонаи нав бо 60 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз кард - 20.04.2021 14:06
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ - 20.04.2021 14:03
“САД РАНГИ ЧАКАН”. Дар шаҳри Хуҷанд таҳти ин унвон даври шаҳрии Фестивал озмуни мазкур баргузор гардид - 20.04.2021 13:59
Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони мактаби замонавии "Оксфорд" - 18.04.2021 15:15
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори "Панҷшанбе" - 18.04.2021 15:07

Боздиди роҳбарияти Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд» аз Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара

( 0 Овоз )

Як гуруҳ кормандони Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд» бо роҳбари директори муассиса Ҳоҷизода Насимҷон Шарифӣ якҷо бо роҳбарони хоҷагии ҷангалии навоҳии вилоят аз Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара боздид намуда, бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар ҷамоати мазкур шинос гардиданд.

Тавре ҳангоми боздид иттилоъ дода шуд, бо дастуру роҳанмоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷамоати деҳоти Ворух таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ҳудуди ҷамоат корҳои ободонӣ вусъат ёфта истодааст. Аз ҷумла, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ворух бунёду навсозии беш аз 40 иншооти муҳими иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, бо маблағгузории Хукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва саҳми соҳибкорону саховатмандон то имрӯз зиёда аз 30 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Таъкид карда шуд, ки Ворух аз минтақаҳои таърихии миллати куҳанбунёди тоҷик буда, мардуми он тӯли ҳазорсолаҳо барои рушду пешрафти Ватан хизматҳои шоиста анҷом додаанд. Тибқи шаҳодати сарчашмаҳои таърихӣ Ворух дар аҳди Сомониён дар тобеияти ин давлати миллии тоҷикон буда, имрӯз як пораи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳаст. Давлату Ҳукумат минбаъд низ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ин ҷамоат тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, барои баланд гардидани сатҳи зиндагии мардуми он аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Боздиди роҳбарияти Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд» аз Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара