12 марти соли 2021 иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор мегардад.Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз 2 марти соли 2021 ба имзо расид.
Ба рӯзномаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум масъалаҳои зерин дохил шудаанд:
- дар бораи тасдиқ намудани ваколати вакилии вакилони навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии ҷудогона;
-оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017, №158 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 — 2022»;
-ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон;
-ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Чилгазӣ», №14 Ҳалимов Абдулмуъмин оид ба иҷрои ваколати вакилӣ;
-оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ;
-дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум аз 13 марти соли 2020;
-тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд