Баргузории конфронси илмӣ-адабӣ дар мавзуи "Дастовардҳои занон дар даврони Истиқлолият"

( 0 Овоз )

Дар меҳмонхонаи Сипеҳри шаҳи Бӯстон бахшида ба Рӯзи Модар конфронси илмӣ-адабӣ дар мавзуи "Дастовардҳои занон дар даврони Истиқлолият" баргузор гардид.

Раъно Ҳошимзода, раиси шаҳри Бӯстон дар конфросн изҳор дошт, ки дар ҳама давру замон ба зан-модар таваҷҷуҳ ва эҳтироми хоса зоҳир мегардад. Бузургони илму адаб зан — модарро ситоиш намуда, равшании хонадон ва офарандаи инсоният медонанд.

Гуфта шуд, ки имрӯз дар тамоми соҳаҳо занон фаъолият намуда, дар рушду шукуфоӣ ва пешрафти мамлакат саҳм мегузоранд. Таваҷҷуҳи роҳбари давлат ба занону модарон зиёд аст ва ташкили грантҳои Президентӣ барои дастгирии занон аз ҷумлаи чунин ғамхориҳо дониста мешавад.

Сипас, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, номзади илмҳои ҳуқуқ Назира Ғаффорӣ ва директори мактаби Президентӣ дар шаҳри Бӯстон Мадина Набизода сухан гуфта, таъкид доштанд, ки имрӯз занону бонувон дар пешрафти тамоми соҳаҳо саҳми арзанда мегузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share