Бахшида ба Рӯзи Модар озмуни вилоятии «Суруди модар - Алла» доир гардид

( 0 Овоз )

2 марти соли 2021 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  озмуни вилоятии  «Суруди модар - Алла» доир гардид.

Озмуни вилоятии “Суруди модар – Алла” бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Модар баргузор шуда, дар он ҷавонони касбу кори гуногуни шаҳру ноҳияҳои вилоят, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар даври аввали озмун ғолиб омода буданд, фаъолона ширкат варзида, ҳунару истеъдоди хешро намоиш доданд.

Дар озмунн шаш нафар ҷавондухтарони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи касбӣ ҳунару истеъдоди хешро санҷиданд. Бо баҳогузории ҳакамон  ғолибон муайян ва бо туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кадршиносӣ гардиданд.

Ҳамзамон, бо мақсади болидаруҳии иштирокчиёну меҳмонон аз ҷониби сарояндагони ҷавони вилоят сурудҳои беҳтарин бахшида ба Рӯзи Модар пешкаш карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share