Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 09.04.2021 13:29
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокӣ барои аҳолии маҳаллаҳои «Тоҷикон» ва «Сангтӯда»-и деҳоти Ворухи шаҳри Исфараро ба истифода доданд - 09.04.2021 13:37
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфараро ифтитоҳ намуданд - 09.04.2021 13:39
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону сокинони шаҳри Исфара мулоқот намуданд - 09.04.2021 15:22
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ ва гармхонаҳои парвариши гулҳои мавсимиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 10.04.2021 10:18
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази нави хизматрасониро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 10.04.2021 13:51
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Кӯдакистони «30-солагии Истиқлол»-ро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 10.04.2021 11:49
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маркази савдо ва хизматрасонии «Амид»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода супориданд - 10.04.2021 11:47
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қасри фарҳангро дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ифтитоҳ намуданд - 09.04.2021 11:10
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Пойгоҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар деҳоти Ворух ифтитоҳ намуданд - 09.04.2021 13:21

Бӯстон. Ба хатмкунандагони курси омӯзишии "Мактаби сарварони ҷавон" гувоҳномаҳо супорида шуд

( 0 Овоз )

2 март дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар доираи омодагиҳо ба истиқболи Рӯзи Модар маросими тақдими гувоҳномаҳо ба хатмкунандагони курси омӯзишии "Мактаби сарварони ҷавон" доир гардид.

Дар чорабинӣ таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба масъалаи дастгирии давлатии занону бонувон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодааст.

Зикр карда шуд, ки дар доираи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 бо мақсади омода намудани занону бонувони роҳбар ҳамасола дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон курсҳои кӯтоҳмуддати "Мактаби сарварони ҷавон" доир гардида, ба иштирокдорон ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ, олимону донишмандон таълим медиҳанд. Курси навбатии "Мактаби сарварони ҷавон" аз моҳи ноябр то моҳи феврал идома пайдо намуд.

Дар фарҷом ба хатмкунандагони курси мазкур гувоҳномаҳои хатми курси омӯзишии "Мактаби сарварони ҷавон" дар назди бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тақдим карда шуд.

Хатмкунандагони курс бо хушнудӣ аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  изҳори сипос намуда, изҳор доштанд, ки бо истифода аз донишҳои андӯхтаи хеш баҳри пешрафту шукуфоии кишвари маҳбубамон саҳми шоиста хоҳанд гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Бӯстон. Ба хатмкунандагони курси омӯзишии "Мактаби сарварони ҷавон" гувоҳномаҳо супорида шуд