Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 09.04.2021 13:29
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокӣ барои аҳолии маҳаллаҳои «Тоҷикон» ва «Сангтӯда»-и деҳоти Ворухи шаҳри Исфараро ба истифода доданд - 09.04.2021 13:37
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфараро ифтитоҳ намуданд - 09.04.2021 13:39
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону сокинони шаҳри Исфара мулоқот намуданд - 09.04.2021 15:22
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ ва гармхонаҳои парвариши гулҳои мавсимиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 10.04.2021 10:18
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази нави хизматрасониро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 10.04.2021 13:51
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Кӯдакистони «30-солагии Истиқлол»-ро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 10.04.2021 11:49
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маркази савдо ва хизматрасонии «Амид»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода супориданд - 10.04.2021 11:47
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қасри фарҳангро дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ифтитоҳ намуданд - 09.04.2021 11:10
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Пойгоҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар деҳоти Ворух ифтитоҳ намуданд - 09.04.2021 13:21

«КАБИРӢ АЗ ҶОНИБИ ХАДАМОТИ МАХСУСИ ХОРИҶӢ ИСТИХДОМ ШУДААСТ». Коршинос, рӯзноманигор, таърихшинос, директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ Абдуқодир Талбаков иброз дошт, ки барои чӣ наҳзатситез аст

( 0 Овоз )

Тавре қаблан хабар додем, 18 феврал сардори Саридораи амнияти миллии Афғонистон зимни як нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои конфронси минтақавӣ дар мавзӯи мубориза бо терроризм, ки дар Кобул доир карда шуд, изҳор намуд, ки дар он ҷо, дар «он сӯи Ому», «аз 6 то 10 ҳазор ҷангиёни Ҳаракати исломии  Ӯзбекистон*, ҳаракати «Ансоруллоҳ»*, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ* ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон* (ҳоло ташкилоти экстремистию террористии «Ҳизби наҳзат. – Шарҳи АМИТ «Ховар) ҳузур доранд».

Аллакай 19 феврал бахши тоҷикии Радиои «Озодӣ» бо риоя накардани муқаррароти  қонунгузории Тоҷикистон (Ҳизби наҳзат бо қарори Суди олии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 ташкилоти экстремистию террористӣ эълон шудааст) ба сарвари ТЭО «Ҳизби наҳзат» Муҳиддин Кабирӣ сухан дод, ки ӯ, чун ҳамеша, даъвои роҳбари аввали ниҳоди амниятии кишвари ҳамсояро бепоя хонд.

Коршиноси мо, рӯзномагор, таърихшинос, директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ Абдуқодир ТАЛБАКОВ дар як навори видеоӣ  посухи Кабириро дурӯғи маҳз ва худи ӯро дуруғгӯи гузаро номидааст.

«Қисмате аз муштариёни фейсбукӣ маро ҳамчун динситез, исломситез ва бархе албатта наҳзатситез мегӯянд. Ман динситез нестам, исломситез ҳам нестам. Ислом дини муқаддас, эътирофшуда (аст) ва бештар аз ду миллиард нафар пайрав дорад ва ман ҳам, шукрона ва алҳамдуллилоҳ, пайрави ин дин ҳастам», — чунин оғоз намудааст Талбаков.

«Вале ман воқеан наҳзатситез ҳастам, — мегӯяд ӯ. —  Чаро?».

Дар посух ба  ин суоли гузоштааш Талбаков мисол меорад, ки дар оғози солҳои 90-ум (баъди пошхӯрии собиқ кишвари шуравӣ) 15  ҷумҳурии мустақил ба муаррифии чеҳраи миллии худ дар ақсои олам шуруъ намуданд, вале хонаи мо ва ватани умумии мо – Тоҷикистони азизро Ҳизби наҳзат ба хоку хун кашид. Дар натиҷа  зиёда аз 80 ҳазор нафар ҳамватанони мо фавтиданд, наздики 800 ҳазор нафар ҷилои Ватан карданд, 500 ҳазор нафар кӯдакон бесаробон ва ятим монданд, ба иқтисодиёти кишвар  беш аз 10 миллиард доллар  хисорот ворид гардид.

«Пас чаро ман наҳзатситез набошам? Ман наҳзатиёни касифро хуш надорам. Ва ҳамин тавр ҳам бояд бошад, ҳар як ватандор бояд донад, ки душманаш кист ва дӯсташ кист», — изҳор медорад коршинос А. Талбаков.

Дар мавриди баёнияи сардори Саридораи амнияти миллии Афғонистон оид ба ҳузури ҷангиёни Ҳизби наҳзат дар Афғонистон Абдуқодир Талбаков чунин мегӯяд: «Бубинед, Кабирӣ дар ҳама ҷо изҳор медошт, ки ҷиноҳи ҳарбӣ, яъне қаноти ҳарбӣ надорад, онҳо бо силоҳ сарукор надоранд ва танҳо тавассути сухан мехоҳанд худашонро ва идеологияашонро муаррифӣ кунанд. Он ки Кабирӣ пайваста дурӯғ мегӯяд, инро мо аксаран медонем,ҳарчанд ки дурӯғ торикии  имон аст.  Ӯ аз ҷониби  хадамоти  махсуси  хориҷӣ вербовка (истихдом) шудааст. Кабирӣ имон ва муқаддасот надорад. Ӯ як мақсад дорад – ҷоҳу ҷалол.  Ба хотири он ки дар курсии роҳбари ҳизб нишинад, аз баҳри ришу ҷомаю сала гузашт. Барои он ки ба ҳадафҳояш ноил шавад, дар парлумон курсӣ гирифт, вале чун ронда шуд ва ба Аврупо рафт – аз баҳри калимаи «ислом» дар номи ҳизб гузашт ва акнун Ҳизби наҳзатро ба таври худаш  Паймони миллӣ меномад».

Ба қавли Талбаков, роҳбари ниҳоди махсуси Афғонистон амнияти давлаташро аз мову шумо хубтар медонад. Агар ӯ дар конфроси байналмилалӣ сухани носанҷида гӯяд, ба имиҷи (нуфузи) худаш латма мезанад, ки албатта чунин нест. Дар Афғонистон   террористони Кабирӣ амал мекунанд ва ин (далел) чеҳраи манфури наҳзатиёнро боз ҳам ба мову шумо нишон медиҳад. Ҳадафи онҳо ноамнии Тоҷикистон аст.

Шояд наҳзатиҳо иддао кунанд, ки ин фикри як мансабдори давлати Афғонистон ё рӯзноманигори ҷонибдори давлати Тоҷикистон аст. Ин ҷо барои исботи фикри худ Талбаков  навори видеоиеро гузоштааст, ки дар он Аҳмад Зиё, як коршиноси озодандеши Афғонистон тариқи барономаи хабарии «Би-би-си» чунин мегӯяд: «Ҷангиёни наҳзати исломи Тоҷикистон дар Афғонистон фаъоланд ва ҳадафашон ноамн кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ аст».

Дар охир Абдуқодир Талбаков ба  ҷавонони фиребхӯрда муроҷиат карда мегӯяд: «Ман ҳамчун як журналист ва як зиёӣ таъкид мекунам: ҳоло  ҳам ҳам вақт аст. Кабирӣ ва ҳизбашро тарк кунед. Як дархост  басанда аст, ки  шуморо бубахшанд ва ба Тоҷикистон баргардед ва оқи Ватан нашавед. Боқӣ шумо медонеду Кабирӣ медонаду Худо!»

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд «КАБИРӢ АЗ ҶОНИБИ ХАДАМОТИ МАХСУСИ ХОРИҶӢ ИСТИХДОМ ШУДААСТ». Коршинос, рӯзноманигор, таърихшинос, директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ Абдуқодир Талбаков иброз дошт, ки барои чӣ наҳзатситез аст