Дар кишвари Англия даври якуми Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика "IMAC - online" тариқи фосилавӣ баргузор гардид, ки дар ин Олимпиада 60 нафар толибилми Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аз рӯи се категорияи синну солӣ иштирок намуданд.
Дар натиҷаи эълони расмии Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи "IMAC - online" кишвари Англия аз 60 нафар хонандагони литсей 50 нафарашон барои иштирок ба даври финалии олимпиада, ки 8 майи соли равон баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.
Бояд қайд намуд, ки дар Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд кор бо хонандагони болаёқат ва гуруҳҳои олимпӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳаракати олимпии литсей 150 хонанда шомил буда, дар соли хониши 2020-2021 хонандагони болаёқати литсей дар 6 олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, барои иштирок дар 4 озмуни сатҳи ҷаҳонӣ аз фанҳои дақиқ ва забономузӣ омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.
Дар соли хониши 2020-2021 толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ дар кишварҳои Таиланд, Туркия, Федератсияи Россия иштирок намуда, дар маҷмуъ 39 медал, аз ҷумла 22 медали тилло, 8 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд