Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 09.04.2021 13:29
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокӣ барои аҳолии маҳаллаҳои «Тоҷикон» ва «Сангтӯда»-и деҳоти Ворухи шаҳри Исфараро ба истифода доданд - 09.04.2021 13:37
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфараро ифтитоҳ намуданд - 09.04.2021 13:39
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону сокинони шаҳри Исфара мулоқот намуданд - 09.04.2021 15:22
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ ва гармхонаҳои парвариши гулҳои мавсимиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 10.04.2021 10:18
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази нави хизматрасониро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 10.04.2021 13:51
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Кӯдакистони «30-солагии Истиқлол»-ро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 10.04.2021 11:49
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маркази савдо ва хизматрасонии «Амид»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода супориданд - 10.04.2021 11:47
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қасри фарҳангро дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ифтитоҳ намуданд - 09.04.2021 11:10
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Пойгоҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар деҳоти Ворух ифтитоҳ намуданд - 09.04.2021 13:21

Дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ толори «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таъсис ёфт

( 0 Овоз )

24-уми феврали соли равон дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ толори «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таъсис ёфт. Дар расми кушодашавии он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, олимону муҳаққиқон, адибон, собиқадорони соҳаи китобдорӣ, ғолибони давраҳои вилоятиву ҷумҳуриявии сабқати мазкур, фарҳангиён, толибилмони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд, намояндагони васоити ахбори омма ва хонандагони фаъоли китобхона ширкат намуданд.

Ҷамъомад бо тамошои намоиши слайдӣ оғоз гардида, иштирокчиён аз навору ороишоти электронӣ бо муҳтавои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ошно гардиданд.

Толор дар назди шуъбаи хизматрасонӣ таъсис ёфта, махзани кушодаи он фарогири панҷ номинатсияи озмун мебошад. Баробари вуруд ба он довталаби озмун ба қайд гирифта мешавад ва ӯ метавонад аз махзан китобу асарҳои дилхоҳашро интихоб намуда, бо худ барои мутолиа ба хона барад. Китобҳо аз рӯи тартиби алифбоӣ гузошта шуда, шароити интихобро ба хонанда осон менамоянд. Аз дигар ҷониб, дар заминаи силсиланашрҳо, маҷмӯаҳо ва куллиёти адибони ҷудогона хонандао бо фаъолияти эҷодии суханварон ошно мегардад.

Толор бо мизу курсиҳои нав, ду таҷҳизоти гармидиҳанда, намоишҳои барқадду оинагии китобӣ муҷаҳҳаз буда, деворашро намунаи суратҳои адибони классикиву муосири тоҷик, шоирону нависандагони хориҷӣ, ки осори онҳоро дар доираи чор номинатсия довталабон мутолиа менамоянд, оро додааст.

Толори навтаъсис барои баргузор намудани экскурсияҳо, маҳфилҳои рӯнамоии китобҳо, суҳбатҳову мубоҳисаҳои адабӣ, конфронси хонандагон, мулоқот бо адибон ва дигар чорабиниҳои вобаста ба мутолиаи китобу шинохти адабиёти бадеӣ, огоҳӣ аз коргоҳи эҷодии қаламкашон, шеваҳои нигориш, бардошту ҳамкориҳои адабии суханварон, муталлеъ будан аз мактабу ҳавзаҳои эҷодии ватаниву хориҷӣ нақши муассир хоҳад дошт.

Боиси зикр аст, ки се сол боз Амри Президенти кишвар дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии китобхонӣ бо номи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба тасвиб мерасад. Ин падидаи шоёни фарҳангиву маънавӣ барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ нақши волои таърихии хешро ба субут расонида меояд. Шоистаи таъкид аст, ки 11-уми феврали соли 2021, таҳти №АП-43 Амри Президенти мамлакат ба хотири доир гардидани ин озмун ба имзо расид. Толори «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади татбиқи амалии ин ташаббуси неку ояндабинона таъсис дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ толори «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таъсис ёфт