Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 09.04.2021 13:29
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокӣ барои аҳолии маҳаллаҳои «Тоҷикон» ва «Сангтӯда»-и деҳоти Ворухи шаҳри Исфараро ба истифода доданд - 09.04.2021 13:37
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфараро ифтитоҳ намуданд - 09.04.2021 13:39
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону сокинони шаҳри Исфара мулоқот намуданд - 09.04.2021 15:22
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фурӯши гулу буттаҳои ороишӣ ва гармхонаҳои парвариши гулҳои мавсимиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 10.04.2021 10:18
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази нави хизматрасониро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 10.04.2021 13:51
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Кӯдакистони «30-солагии Истиқлол»-ро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд - 10.04.2021 11:49
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маркази савдо ва хизматрасонии «Амид»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода супориданд - 10.04.2021 11:47
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Қасри фарҳангро дар деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ифтитоҳ намуданд - 09.04.2021 11:10
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Пойгоҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар деҳоти Ворух ифтитоҳ намуданд - 09.04.2021 13:21

Суғд: Вохўрии судманд дар мавзўи пешгирии зўроварӣ дар оила

( 0 Овоз )

Дар асоси нақшаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади татбиқи амалии «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо омўзгорону донишҷўён вохўрӣ баргузор гардид.

Дар вохўрӣ нависанда, равоншинос, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Нигина Мамадҷонова, мушовири оилавии  назди Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Рафоат Бобоева, муовини директор оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов, муовини директор оид ба тарбия Гулшан Довудов ва раиси Шўрои занони донишгоҳ Муҳаррама Темурова иштирок намуданд.

Зимни вохўрӣ ва мулоқот аз ҷониби масъулон оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила», «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, барномаҳо ва консепсияҳо марбут ба занон ва оила суханронӣ карда шуд.

Вохўрӣ дар фазои озод тариқи саволу ҷавоб баргузор гардида, омўзгорон ва донишҷўён ба саволҳои худ похус гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Суғд: Вохўрии судманд дар мавзўи пешгирии зўроварӣ дар оила